Рейтинги кишварҳо аз рӯйи хароҷот ба соҳаи таълим

Рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи хароҷот ба соҳаи таълим, ин маҷмӯи умумии хароҷоти давлатӣ барои маориф ҳисоб карда мешавад, ки фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) дар бар мегирад.

Ин ташкилоту созмонҳо ҳамасола аз тарафи Институти омори ЮНЕСКО-и СММ ва Бонки ҷаҳонӣ гузаронидаву давра ба давра нав карда мешавад.

Дар ин радабандии ҷаҳонӣ сатҳи хароҷоти соҳаи таълими Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷадвали рӯйхати пешниҳодгардида дар мавқеи 18 қарор дорад ва маблағгузорӣ дар соҳаи таълим 20,5 фоиз нишон дода шудааст. Ин омил бозгӯйи он аст, ки дар сиёсати кишварамон ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода мешавад. Дар радабандии мазкур Тоҷикистон мавқеи 21, Беларус 48, Қирғизистон 49, Федератсияи Русия 84, Қазоқистон 87 ва Украина 101 қарор доранд.

Давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ заиф, ба монанди Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ, Моноко, Вануату, Афғонистон, Нигерия ва Ангола дар ин радабандӣ дар зинаҳои охирин қарор доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: