ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ЛОИҲАҲОИ ҚОНУНҲОИ МУҲИМРО ҚАБУЛ НАМУДАНД

Дар ҷамъомади умумии Палатаи қонунгузорӣ депутатҳо чандин лоиҳаи қонунҳои муҳимро баррасӣ намуданд.

Дар ҷамъомади умумии Палатаи қонунгузорӣ депутатҳо чандин лоиҳаи қонунҳои муҳимро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи қонун «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар қироати дуюм муфассал муҳокима гардид.
Меъёрҳои он ба баланд бардоштани самаранокии ислоҳоте, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани муҳити кории оптималӣ дар соҳаи бозори коғазҳои қиматбаҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, беҳсозии фаъолияти бонкҳои тиҷоратии шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва мустаҳкам намудани нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ нигаронда шудааст.
Ба лоиҳаи қонун мафҳуми нигоҳдорандаи номинали хориҷӣ дохил карда мешавад. Ин соҳиби коғази қиматбаҳо ё ташкилоти хориҷие мебошад, ки бо супориши шахси соҳибваколат руйхати коғазҳои қиматбаҳо ва соҳибҳуқиқиро ба он,  дар ҳоле ки ҳуқуқи азхуд намудани онро надорад, собит менамояд.
Қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур барои баруихатгирӣ дар бозори сармояи дастгоҳҳо ва муоҳидаҳои молиявӣ, интегратсияи баруихатгирӣ бо низоми байналхалқӣ, баланд бардоштани боварии сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба бозор ва ҳамчунин минбаъд баланд бардоштани мақоми мамлакатамон дар таснифи Бонки ҷаҳонӣ (Doing business) мусоидат менамояд.
Депутатҳо лоиҳаи қонунро қабул намуданд.
Намояндагони халқ лоиҳаи қонунро «Дар бораи суд» дар қироати дуюм баррасӣ карданд.
Бино ба лоиҳаи қонун тағйироти ташкиливу сохторӣ дар низоми суд дар назар дошташуда, принсипҳои асосии суди одил таҷдиди назар мегарданд. Ҳамзамон мақоми судяҳо, кафолати дахлнопазирии онҳо пурзӯр карда мешавад.
Талаботи меъёрҳое, ки лоиҳаи қонун нисбати номзадҳо ба судягӣ ва шахсоне, ки таъин мегарданд, ба вазифаи судя интихоб мегарданд,  мегузоранд, бинобар стандартҳои муқарраргардида анҷом дода шуда, тартиби таъин намудани судяҳо, раисони судҳо ва муовинони раисҳо муайян карда мешаванд, ки инро лоиҳаи қонун пешбинӣ менамояд.
Дар лоиҳа асосҳо, тартиби боздорӣ, қатъи ваколати судяҳо мушаххас карда мешавад. Лоиҳаи қонун аз тарафи депутатҳо дар қироати сеюм қабул гардид.
Муҳокимаи лоиҳаи қонун «Дар бораи дохил намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кодекси масъулияти маъмурӣ» низ боиси мубоҳисаи шадид гардид.
Бинобар ин лоиҳаи қонун ба моддаҳои марбути Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси масъулияти маъмурӣ тағйирот дохил карда мешавад.

Нурулло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: