Ӯзбекистон карантини 10-рӯзаро барои онҳое, ки аз як қатор кишварҳо ворид мешаванд, бекор кард

Бо қарори Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Ўзбекистон талаботи гузаштани карантини 10-рӯза дар шароити хона ё меҳмонхона барои мусофирони рейсҳои ҳавоӣ аз Австралия, Австрия, Белгия, Бритониёи Кабир, Олмон, Дания, Миср, Исроил, Италия, Нидерландия ва Чехия бекор карда шуд.

Талабот аз аввали декабри соли 2021 эътибор пайдо карда, дар робита ба паҳншавии штамми коронавируси “омикрон” ҷорӣ шуда буд.

Илова бар ин, парвозҳои байналмилалӣ бо Ҳонконг, Ботсвана, Зимбабве, Лесото, Мадагаскар, Мозамбик, Намибия, Эсватини, Танзания ва Африқои Ҷанубӣ барқарор карда мешаванд.

Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ, акнун шаҳрвандони кишварҳои сеюум, ки дар 14 рӯзи охир аз ин давлатҳо дидан кардаанд, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: