Экспертҳои ЮНЕСКО дар Бухоро

Намояндагони ЮНЕСКО таҳти роҳбарии эксперти шӯрои байналхалқӣ оиди ёдгориҳо ва ҷойҳои ҷолиби диққат (ИКОМОС)-и ЮНЕСКО Наталя Тӯрақулова ба Бухоро омаданд.

Намояндагони ЮНЕСКО таҳти роҳбарии эксперти шӯрои байналхалқӣ оиди ёдгориҳо ва ҷойҳои ҷолиби диққат (ИКОМОС)-и ЮНЕСКО Наталя Тӯрақулова ба Бухоро омаданд. Онҳо барои омӯхтани ҳолати мероси маданӣ ва ёдгориҳои археологии вилоят дар равияи «Роҳи абрешим: даҳлези Зарафшон – Қароқум», ки чун номзад барои шомилкунӣ ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ пешниҳод шудаанд, омадаанд. 
Ба экспертҳои байналмилалӣ директори Институти байналхалқии тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ Дмитрий Воякин, эксперти маҳаллӣ Мавлуда Юсуфова, вакили Агентии мероси маданӣ Алибек Расулов ва мутахассисони Садорати мероси мадании вилоят ҳамроҳӣ карданд. Онҳо ёдгориҳои археологии Вардонзе, Варахша, Пойканд, манори Вобканд,  хазираи «Чашмаи Аюб» (дар ноҳияи Вобканд), маҷмӯи зиёратгоҳҳои Баҳоуддини Нақшбанд ва «Чорбакр»-ро аз назар гузаронданд. Экспертҳо ҳангоми омӯзиш бобати нигаҳдории беосеби объектҳои таърихӣ ва ба  онҳо бештар ҷалб намудани сайёҳон маслиҳатҳои муфид доданд. Дар айни замон эшон  дар вилоят намунавӣ будани ҷараёни корҳоро бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таъкид карданд.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: