ЗЕБО, ХУШДӮХТ ВА ҚУЛАЙ

Ба либоси нави мактабӣ, ки дар муддати кӯтоҳ истеҳсол намудани онро корхонаҳои бофандагии ватанӣ ба ӯҳда гирифтаанд, чунин баҳо додан мумкин аст.

Ҳарчанд то оғози соли хониш як моҳ вақт монда бошад ҳам, аксарияти падару модарон барои фарзандонашон аллакай ба харидани ашёи мактаб, асбобҳои хониш, портфел шурӯъ намуда, либоси зебо ва хушдӯхти мактабиро аз назар мегузаронанд. 
Бо ташаббуси хидмати ахбори иттиҳодияи “Ӯзтекстилпром” рӯзноманигорон ба корхонаву марказҳои савдои пойтахт сар халонда, вазъи либоси мактабиро, аз дӯхт то фурӯш дида баромаданд. 
– Дар назди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳое, ки ба иттиҳодияи мо дохиланд, вазифа гузошта шуд, ки барои миллионҳо нафар талабагони мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ истеҳсоли либоси махсуси мактабиро, ки ба андозаи ҳозираи сифат ҷавобгӯ аст, ташкил кунанд, – мегӯяд котиби хидмати ахбори “Ӯзтекстилпром” Шаҳзода Қӯчқорова.
– Гузариши хонандагон ба либоси махсуси мактабӣ марҳила ба марҳила, дар тӯли чанд сол идома хоҳад ёфт. Мутахассисони мо рӯйхати 560 корхонаи кишварро тартиб додаанд, то мактаббачагонро бо либоси мактабии босифат, хушдӯхт ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоянд. Ин корхонаҳо соле 45 миллион маҷмӯи либоси мактабӣ истеҳсол мекунанд. Ба оилаҳои камтаъмин барои харидани сару либоси мактабӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва фонди “Дафтари оҳанин”, “Дафтари ҷавонон” ва “Дафтари занон” маблағ ҷудо карда мешавад. 
Бояд гуфт, ки барои истеҳсоли либоси мактабӣ 26 миллион метри мураббаъ матоъ чун ашёи хом сарф мегардад. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаҳое, ки дар ҳафт ноҳияи ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, 179 миллион метри мураббаъ, иқтидори моҳона 10-14 миллион метри мураббаъ матоъро ташкил медиҳад. 
Ҳамин тавр имкониятҳои мавҷуда эҳтиёҷоти ашёи хомро барои истеҳсоли либоси мактабӣ амалан пурра қонеъ карда метавонанд. 
Корхонаҳои бофандагӣ то охири моҳи июли соли ҷорӣ беш аз 1,5 миллион маҷмӯи либоси мактабӣ истеҳсол намуда, фурӯхтаанд. 
Иқтидори истеҳсоли либоси мактабӣ фақат дар вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд беш аз 5 миллион маҷмӯъро ташкил медиҳад. 
Боздиди намояндагони ВАО аз корхонаи ҶММ “Бобур саноат сервис” оғоз гардид. Корхона алҳол ба дӯхтани маҷмӯи либосҳо барои мавсими тирамоҳу баҳор машғул аст, баъдан ба дӯхтани намуди зимистона барои духтарону писарон шурӯъ хоҳад кард. Дар дӯхтани либоси махсус барои ташкилотҳои мухталиф таҷрибаи корхонаи хусусии “Артикор Я.а.Р.”, ки роҳбари он Яйра Убайдуллоева мебошад, ниҳоят пешсаф аст. 
– Либоси махсуси мактабӣ байни хонандагон баробариро нигоҳ медорад, ба тарбия, азхудкунии дарс, интизоми хуби онҳо мусоидат менамояд, – мегӯяд ҳангоми суҳбат Я. Убайдуллоева. – Солҳои зиёд аст, ки ба дӯхтани либос, интихоби матоъ, дизайни маҳсулоти тайёр машғулам. Намудҳои либоси мактабӣ барои муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ҳамаҷониба кор карда шуда, дар он инъикоси анъанаҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст. 
Мо дар яке аз мағозаҳои савдо бо Гулноза Эшметова, модари ду хонандаи мактаб – хонандаи синфи ҳафтум Фарҳод ва хонандаи синфи чорум Фирӯза суҳбат оростем. Тарҳрезии форма, сифат ва дӯхти он ба Гулноза писанд омадааст. Моҳи сентябр фарзандонаш бо либоси нави зебою хушдӯхт ба мактаб хоҳанд рафт. 

Сергей МИХАЙЛОВ.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: