Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 апрел аъзои Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири корҳои хориҷӣ Цин Ганро, ки барои иштирок кардан дар маҷлиси машваратии навбатии роҳбарони мақомотти корҳои хориҷии мамлакатҳои ҳамсояи Афгонистон ба мамлакати мо омадааст, кабул кард.
Масъалаҳои мубрами амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва густариши ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Чин баррасӣ шуданд.
Нахуст, вазири корҳои хориҷӣ Цин Ганг ба роҳбари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпинро расонд.
Зимни мулоқот бо қаноатмандии хоса таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланди бесобиқа расидаанд.
Тайи солҳои ахир гардиши мол ду баробар афзоиш ёфта, теъдоди корхонаву лоиҳаҳои муштарак се баробар афзоиш ёфта, 11 миллиард доллар сармояи чинӣ ҷалб шудааст. Пас аз пандемия, бо барқарор шудани парвозҳои мунтазам робитаҳо байни минтақаҳо, табодули соҳаи маориф, фарҳангӣ ва гуманитарӣ фаъол гардид.
Раҳбари Ӯзбекистон аҳамияти омодагии ҳамаҷониба ба сафари дарпешистодаи давлатӣ ба Чин ва нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – ҶМЧ”-ро қайд кард.
Инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муҳимияти ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Ӯзбекистон-Қирғизистон-Чин”, ки айни замон ҳуҷҷатҳои техникии он омода карда мешаванд, таъкид гардид.
Ба зарурати идомаи ҳамоҳангии зич дар масъалаҳои ҳаллу фасли осоиштаи вазъият дар Афғонистон ва расонидани кумаки амалӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.