НАВИСАНДА ВА НАҚДИ АДАБӢ

Нависандаи халқии Ӯзбекистон Эркин Аъзам аз зумраи адибонест, ки дар охири солҳои ҳафтод ва ибтидои солҳои ҳаштод дар арсаи адабиёт бо қадами устувор ворид шудааст.

 Ӯ соҳиби услубу нигориши хоси худ аст ва ҷойи ифтихор аст, ки навиштаҳояш зиёд таҳқиқ шудаанд. Рангорангиҳои эҷодиёти Эркин Аъзам ҳамеша эътибори муҳаққиқону мунаққидони адабиётро ба худ ҷалб менамуд. Аз ин рӯ, нисбати бурду бохти эҷодиёташ як қатор адабиётшиносон дар матбуоти даврӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд. Хусусан, навиштаҳои адабиётшиносон У.Норматов, Н.Худойберганов, А.Расулов, Н. Шукуров, И. Ҳасанов, М. Шералиева, М. Қӯчқорова, О. Тағоев, Қ. Йӯл-дошев ва И. Ҳаққулов сазовори зикр аст.
Дар шинохти мавқеи адабии адиб ва маҳорати эҷодии ӯ монографияи илмии мунаққид ва муҳа-ққиқи ҷавон, доктори илмҳои фалсафа дар бахши адабиёт Обид Шофиев дар мавзӯи «Бадеияти насри Эркин Аъзам» (киноя ва образ) дастуруламалест басо ҷолибу муфид.
Китоби мазкур аз се боб иборат буда, дар боби аввали он мунаққиди нуктасанҷ доир ба мавқеи  нависанда дар адабиёт, хусусиятҳои фарқкунандаи эҷодиёти ӯ аз дигар адибон ба таври муқоисавӣ маълумот медиҳад. Дар ҷараёни муҳокимаронӣ адабиётшинос ҳадди эътидоли баҳсро риоя намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро нисбати нигоштаҳои адабиётшиносон муътамад ва бо иқтибосҳои раднопазир иброз намудааст. Ба хотири таъмини холисии мушоҳидаҳо ва таҳлили мантиқии асарҳои адиби номвар дар аввали боби мазкур овардани иқтибоси зерини падари танқиди адабиётшиносии рус В.Г.Белинский – «Барои баҳои муносиб додан ба эҷодиёти ҳар адиб мебояд ӯро аввал ба таври бояду шояд омӯхт ва  мавқеи адабиашро дар ҷодаи адабиёт муайян намуд» хеле ҷолиб буда, самти таҳлилу тадқиқи олимро муайян месозад. Муҳаққиқи ҷавон дар рафти омӯзиши эҷодиёти Эркин Аъзам ба нишондодҳои боло амал намуда, таҳқиқи мавзуи басо мураккаб ва хеле кам дучоршавандаро (киноя ва образ) ба зимма гирифтааст. Ин шаҳодати ҷасорату  шуҷоати қатъии адабиётшиноси ҷавон дар роҳи дарёфти ҳақиқати эҷодӣ ва баҳои муносиб додан ба офаридаҳои адибон аст. 
Дар боби дуюми китоби «Бадеияти насри Эркин Аъзам» адабиётшинос дар хусуси паҳлуҳои фарқкунандаи эҷодиёти адиб, хелҳои киноя, истифодаи киноя дар адабиёти ҷаҳон, хусусияти эстетикӣ касб намудани киноя дар эҷодиёти нависанда маълумот додааст. Мунаққид дар ин боб мавқеи истифодаи кинояро дар характери қаҳрамонони қиссаҳои «Гулӣ-гулӣ», «Пакананинг ошиқ кӯнгли», («Дили ошиқи пакана»), «Отойининг туғилган йили» (Зодрӯзи Атоӣ), «Ҷавоб» бомавқеъ таъкид намуда, дар лутфу киноя маҳорати характерофарии нависандаи ба рӯйдодҳои зиндагӣ мушоҳидакорро муъҷаз баён месозад.
Қаҳрамонони ин қиссаҳои нависанда маҳсули даврони рукуду бозмондагиянд. Эркин Аъзам тавонистааст, дар руҳияи образҳояш иллатҳои ондавраинаи ҷамъиятро бо лутф, кинояву тамасхур, тавассути шахсияти қаҳрамонон нозук ба қалам диҳад. 
Дар боби сеюми монография таҳқиқи табиати қаҳрамонони нависанда такмил ёфта, характери табиати ботинии онҳо дар асарҳои ҷудогона омӯхта шудааст. Образи шахси ба муҳити зисти худ бегона – Нуриддин Элчиев  дар қиссаи «Ҷавоб», бо давру замон номуросо, якраву шартакигӯй – Асқар Шодибеков дар «Зодрӯзи Атоӣ», шахси аз замон қафомонда – Бердибой дар асари «Пиёла», хоҳароне, ки ғайр аз рӯзҳои ид дигар рӯзҳоро намедонанд, образҳои Баргидаю Басира дар «Байрамдан бошқа кунлар» («Рӯзҳои ғайри ид») бо ҳама ҷузъиёташ таҳлилу таҳқиқ ёфта, дараҷаи вусъати образофарии нависандаро дар ҷодаи адабиёт таъкид мекунад.
Ростӣ, дар хусуси ин адабиётшиноси нуктадон бисёр шунида ва якчанд навиштаҳои намакинашро хонда будам. Бори аввал ӯро дар рӯзи дафни адабиётшиноси варзидаю эътирофшуда, муҳаққиқи бузурги адабиёти ду халқ – тоҷику ӯзбек доктори илмҳои филологӣ, профессор Аҳмад Абдуллоев дида будам. Дертар ба дафтари кориаш рафтаву аз наздик шинос шудам. Дарёфтам, ки сахт роғибу шайдои адабиёти оламгир, шеъру суруд аст ва олиму орифест беназир. Хеле самимӣ, муаддаб, дар мубоҳиса шарти адаб риоят мекунад, мусоҳиби худро ботамкин мешунавад. Сарфи назар аз мансабу мавқеаш, бо ҳар ихлосманди адабиёт суҳбати доманадор меорояд. Бо таассуф гап мезад, ки вазъи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ ноҷӯр аст ва дар сатҳи пасте қарор дорад. Мақсад дорад, ки марҳилаҳои нақди адабиёти ӯзбеку тоҷикро дар якҷоягӣ омӯзад. Ҳоло бо ин ният адабиёти заруриро ҷамъ оварда, саргарми мутолиаву таҳқиқ аст.
Ҷойи тазаккур ва тафохур аст, ки ҳар ду – нависандаи маҳбуб Эркин Аъзам ва муҳаққиқи жарфбин Обид Шофиев намоянда ва пайвандгари ду адабиёт ва халқанд. Нависанда осори адиби нотакрор, шодравон Саттор Турсунро бо маҳорати ба худ хос тарҷума кардааст. Инчунин нависандаи шуҳратёри тоҷик Саттор Турсун низ ҳанӯз солҳои 70-80-ум ба тарҷумаи ҳикояҳои Эркин Аъзам пардохта буд. Хусусан, аз байни ин маҷмӯи ҳикоёт ҳикояи «Ҷиян», ки  моломоли кинояву тамасхур аст, соли 1973 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда, боиси дилбастагии ман ба эҷодиёти Эркин Аъзам гашта буд. 
Ҳар гаҳе, ки сухан дар бораи Эркин Аъзам мерафт, адиби шуҳратёр Саттор Турсун ифодаи зеринро истифода мекард, ки аз он кас нисбати ягон адиби дигар ин эътирофро нашунидаам: «Эркин гарм менависад».
Соли 2021 ба муносибати 75-солагии Саттор Турсун нашриёти «Тамаддун» бо ташаббуси марди хайрандеш Олимҷон Давлатов маҷмӯи ҳикояҳои нависандаро бо номи «Охирин рӯзи тирамоҳ» интишор намуд. Дар он оварда шудани пешгуфтори саршори самимияту эҳтироми Эркин Аъзам бо номи «Бародари ҷонам Саттор» бо ду забон ба хонандагони тоҷик басо гуворост.
Баъди марги Нависандаи мардумии Тоҷикистон, сиёсатмадор, тарҷумони чирадаст Саттор Турсун Эркин Аъзаму Усмон Азим бо андӯҳи гарон озими шаҳри Душанбе шуданд. Он ҷо ба аҳли хонаводаи нависанда изҳори тасаллият намуда, дар қабристони «Лучоб» дар сари қабри бародари дардошнои худ Саттор Турсун ашки армону ҷудоӣ рехтанд. Баъдан ба зодгоҳи адиб – деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун омада, ба бародаронаш изҳори ҳамдардӣ намуданд.
Дар он дидору мулоқот Эркин Аъзам изҳор дошта буд, ки ҳоло бисёр мутаассифам, ки чаро дар вақташ ба аёдати он азиз нарафтам. Вақте Саттор Турсун бемори бистарӣ буд, Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим даъват кард, ки ҳамроҳ ба аёдати устод равем. Аммо мани бандаи шири хомхӯрда аз сабаби надоштани шиносномаи (паспорт) хориҷӣ таъхир кардам, ки аз он сахт дар хиҷолату таассуфам. Чаро зудтар кӯшиши шиносномаи хориҷӣ гирифтан накардаам? Фақат таскин он аст, ки ба ҷанозаи ин марди шариф саривақт расида, ба тобуту марқадаш сар монда, сахт гиристам, то ҳадде, ки оби дидаҳоям хушк гардиданд. Ашки ҳасрату армонҳо, ашки ёдҳо, ашки дардҳою хотираҳо, боз ашки кадом дардҳои аёну ноаён.
Дарвоқеъ, Саттор Турсун нависандаест, ки нисбати ноҷӯрии танқиди адабӣ бо навиштани мақолаҳои алоҳида андешаҳои худро баён намудааст, аз «ҳукми» баъзе мунаққидон нисбати эҷодиёти нафақат худаш, балки тамоми адибон бо ҷасорати хоса ибрози ақида кардааст. Ин нукта хусусан, дар мақолаи «Мунаққиде нест беҳтар», эссеи «Қадри сухан» бо ҳисси масъулиятшиносӣ нисбати нақди адабӣ ва фардои он иншо шуда буд. Ӯ ҳанӯз соли 1981 дар эссеи «Қадри сухан» дар бораи муносибати мунаққиду нависанда ин тавр гуфта буд: «Пӯшида нест, ки барои нависанда фикри мунаққид, алалхусус, ҳукми нахустини вай, чӣ қимате дорад. Бинобар ин, мунаққид ҳам дар муҳити адабӣ ва ҳам дар пеши халқ шахси масъул аст.  Пас баҳое, ки вай ба асарҳои бадеӣ медиҳад, аз ҳар ҷиҳат бояд ҳаққонӣ бошад».
Бо эътимод ва қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки кори анҷомдодаи мунаққиди ҷавони умедбахш Обид Шофиев – «Бадеияти насри Эркин Аъзам» (киноя ва образ) мутобиқу мувофиқи талабҳои ба боло овардаи нависандаи дардошно Саттор Турсун таълиф шудааст.
Ба васлгари дилҳою адабиётҳо, муҳаққиқи жарфбин Обид Шофиев, нависандаи зарофатгӯ Эркин Аъзам тансиҳатию хонаободӣ таманно дорем.

Салом АТОЕВ, 
ноҳияи БОЙСУН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: