14 сентябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов бо вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саад ал-Мурейхӣ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти суҳбат мавҷуд будани иқтидори назаррас барои фаъол гардондани равобити сиёсию дипломатӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ўзбекистон ва Қатар таъкид гардид.
Ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар бораи идомаи дастгирии мутақобила оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тавофуқ ҳосил шуд.
С.ал-Мурейхӣ натиҷаҳои амалиеро, ки дар таҳти раёсати Ӯзбекистон дар Созмони хамкории Шанхай ба даст оварда шудаанд, мусбат тавсиф кард. Таъкид гардид, ки ба Қатар дода шудани мақоми шарики муколамаи ШҲТ бо иштироки фаъолонаи Ӯзбекистон имкон медиҳад ҳамкорӣ байни Қатар ва СҲШ ба сатҳи сифатан нав бароварда шавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.