ЗИНДАГӢ ХУД ОИНАИ ҲАҚИҚАТ АСТ

мегӯяд депутати маҳаллӣ ва фаъоли иҷтимоӣ Камолиддин Азизов

Камолиддин Азизов аз шумори журналистони вилояти Фарғона мебошад, ки то касби истиқлолияти мамлакатамон ба узвияти Иттиҳодияи журналистони ҷумҳурӣ  пазируфта шуда ва имрӯз низ мавзӯъҳои гуногунро дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мекунад. 
Камолиддин Азизов баъди хатми мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сӯх  барои идомаи таҳсил шаҳри Душанберо интихоб кард. Вай мехост ба яке аз донишгоҳҳо дохил шуда, бо дипломи маълумоти олӣ ба зодгоҳаш баргардад, зеро падараш Мӯъминҷон Азизов касби омӯзгориро аз беҳтарин ва бошарафтарин касбҳо унвон мекард.
Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе бо сабабҳои гуногун ҳуҷҷатҳои ӯро қабул накард. Камолиддин аз чунин ранг гирифтани ҳол аввал ба ҳайрат омад, баъд дилу бедилон Душанберо ба қасди шаҳри Фарғона тарк намуд. Шунид, ки комиссияи қабули “Муассисаҳои таҳсилоти олии марказӣ” қабули донишҷӯёнро ба донишгоҳҳову донишкадаҳои гуногуни шӯравӣ эълон кардааст ва ба он ҷавонони деҳоти дурдаст бештар ҷалб карда мешаванд.  
Ҳуҷҷатҳояшро ба комиссияи қабули ҳамон муассисаҳо супурд ва донишу маҳораташро сарф намуд, ки муваффақона аз имтиҳонҳо гузарад. Бахташ хандид. Комиссияи қабул вайро ба сифати донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Херсони Украина ба қайд гирифт.
– Шавқу рағбати хондан дар ман хеле зиёд буд. Барои ҳамин кӯшиш кардам, ки аз устодон ҳарчи бештар илму дониш омӯзам. Панҷ соли донишҷӯӣ паси сар шуд ва бо диплом ба зодгоҳ баргаштам. Дар мактабе, ки даҳ сол таҳсил кардаам,  шомили кор шудам ва солҳои зиёд забони русиро ба шогирдон омӯзонидам. Баъзан аз ҳаёти мактаб, конфронсҳои китобхонон, ҷараёни корҳои саҳроӣ, дастоварди пешқадамони истеҳсолот ва амсоли он хабару мақолаҳо менавиштам, — аз гузашта ёдовар шуд Камолиддин.
Журналистика ҳамеша барои вай касби мароқангез ва шавқовар менамояд. Барои ҳамин хост, ки дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ дар шуъбаи ғоибонаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд таҳсил намояд. Баъди ду соли таҳсил ба сабаби маҳдудияти имкониятҳои хонаводагӣ таҳсилро то охир давом дода натавонист. Бо вуҷуди ин, аз журналистика ҳаргиз дил наканд ва аз он дур нашуд. То ҳол як ҷузъи ҳаёт ва фаъолияти вайро хабару мақоланависӣ ташкил мекунад. 
Гузашта аз ин, расонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба Камолиддин Азизов ба ҳайси коршиноси масоили минтақавӣ муроҷиат мекунанд. Вай перомуни ҳаводиси гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Ӯзбекистон, инчунин дар робита ба вазъ дар ҳамсоякишварҳо назари худро ба сифати коршинос иброз медорад.
– Ду сол муқаддам маро аз ҳизби «Миллий тикланиш» ба мақоми депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия номзад пешбарӣ карданд. Рости гап, чандон шавқманди чунин корҳо набудам ва бе ҳамин депутатӣ низ аз дарду доғи мардум ҳамеша ҳарф мезанам. Натиҷаи овоздиҳӣ нишон дод, ки дар байни панҷ номзад ба тарафдории ман аксарияти овоздиҳандагон райъ додаанд. Ҳоло ҳамчун депутати маҳаллӣ масъалаҳои ҳаллашон ногузирро дар миён мегузорам, – мегӯяд Камолиддин.
Лӯлаи гази табиии Ӯзбекистон аз шафати деҳаи Чашма мегузарад ва тавассути он сокинони як қатор шаҳраку рустоҳои вилояти Боткенти Қирғизистони ҳамҷавор бо гази табиӣ таъмин мешаванд, аммо бошандагони деҳаи Чашма ба ҷои гази табиӣ манзили худро бо ангишт ва ҳезум гарм мекарданд.
– Доир ба ин масъала чанд бор ба идораҳои гуногун муроҷиат кардам, нома аз пайи нома навиштам. Номаҳо мазмун ва мундариҷаи ҳамсонро акс менамуданд: ин чӣ ҳолу аҳвол аст, ки шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол наметавонанд аз гази табиие, ки аз шафати деҳаашон мегузарад, истифода кунанд, хомашонро пазанд ва хонаҳои худро гарм кунанд! 
 Ҳатто дар ин бора ба Дастгоҳи Президент низ муроҷиат кардам. Ахиран ба он муваффақ шудам, ки аз буҷаи ҳокимияти вилоят маблағи заруриро ҷудо кунанд ва аз маркази ноҳия то Чашма лӯлаи алоҳидаи газро кашида овардем, – бо қатъият иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
– Аз ноҳияи Риштон ҷудо шудани ноҳияи Сӯх худ аз худ ба вуқӯъ напайвастааст ва он тақозои ҳамон давру замон буд. Дар ин раванд баъзе равшанзамирони сӯхӣ хеле нақши муассир бозидаанд. Дуруст аст?     
– Бале,  он таърихи дуру дароз дорад. Ба ноҳияи мустақил табдил ёфтани совхоз ё ба истилоҳи имрӯза, хоҷагии ҷамоавии «Сӯх» ва дар рушду равнақ ёфтани он ҳиссаи як зумра шахсони шарафманди ин диёр бузург аст. Ҳамон мардони шуҷоъ ва боғайрат дар замони шӯро бо виҷдони пок меҳнат мекарданд. Дар зарфи солҳои дароз роҳбарияти ноҳия чандин бор иваз шуд, аммо таассуф мехӯрам, ки номи ин ашхос боре ба забон гирифта намешавад ва дер бошад ҳам хизматашон қадршиносӣ намегардад, – қайд намуд ҳамсӯҳбати мо.
Маълум шуд, ки яке аз ин ҷонфидоҳо Нарзиддин Ғаниев мебошад. Нарзиддинамаки шодравон тамоми умри худро ба рушду ривоҷи ин халқу ватан сарф кардааст. Садҳо гектар боғе, ки арзи вуҷуд намудаанд, маҳз таҳти раҳбарии ин марди қавиирода бунёд ёфтаанд. Боз Муҳиддинбобо Юнусов, Мирзоҷон Хӯҷамов, Ҳошимҷон Ҳомидҷонов, Зархорбой Қодиров, Аъзамҷон Муталиев, Ӯринбой Раҳимов, Ҳомидҷон Нишонов, Сулаймон Ҳамалов, Исмоилҷон Мақсудов, Аюбҷон Нишонов ва дигарон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на барои мукофот, балки аз рӯи виҷдон ва дили соф меҳнат кардаанд. Имрӯз қисмати аъзами онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. 
– Аъзамҷон Муталиев бародари модарам – тағои ман. Баъди хатми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна солиёни дароз дар мактаби миёнаи ба номи А.Саидбекови деҳаи Сариканда директор буданд. Садҳо шогирдони шоистаро устодӣ намудаанд. Нахустин бинои нави замонавии мактабро созондаанд. Дар замини бекорхобидаи Санги Сиёҳ шаш гектар боғи зебоманзаре бунёд кардаанд, ки ин корнамоиашон дар таърихи маорифи ноҳия сабт ёфтааст, – изҳор намуд Азизов.
– Ҳолати имрӯзаро чӣ тавр арзёбӣ мекунед? Оё роҳбарони идораҳои маҳаллӣ дорои фазилатҳое ҳастанд, ки номашон дар боло зикр гардид?
– Ростӣ, дилам мехоҳад, ки ҳар як роҳбар боилтифот бошад, меҳнати атрофиёнро қадр кунад. Дуруст аст, ки корҳо хуб пеш мераванд, ободӣ аз пайи ободист. Барои ин мо аз Президент хушҳолу сарфарозем. Он кас барои рушду ривоҷи ноҳия қарори вижа содир намуданд ва ҳоло Сӯх ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Лекин мисли он ки  панҷ ангушт баробар нест, дар байни роҳбарони ниҳодҳои гуногун шахсоне ҳастанд, ки «сараму дилам» кор мекунанд. 
– Биёед, мавзӯъро сари муҳтавои нашрияҳои даврӣ идома диҳем. Фикратон перомуни ин масъала чӣ гуна аст?
– Шаф-шаф нагуфта, шафтолуи гапро мегӯям. Фелетон, памфлет барин жанрҳои рӯзноманигорӣ қариб, ки дида намешаванд. Ин чӣ маъно дорад? Магар ҷамъият аз носозию камбудиҳо орист? Ё ин ки айбу кирдори одамони мунофиқ, онҳое, ки ба пешрафти ҷамъият ва пойдории истиқлолият бо рафтори ношоистаашон зарар меоваранд, ҳаргиз мавриди танқид қарор намегиранд. Чаро? 
– Яъне мазмун ва мундариҷаи як қатор матбуоти даврӣ шуморо қонеъ намекунад?
– Чандон не. Ба гуфтаи як хабарнигор, гӯё онҳо вазифадоранд, ки фақат аз бурду комёбиҳо нависанд. Ин ҳарфҳои ӯро шунида давраҳои пеш ба ёдам расид, ки журналистон бештар ҷумлаҳои суфтаву забонзадаро истифода мекарданд. Мутаассифона, ҳоло низ ин раванд дар як қатор нашрияҳои даврӣ давом мекунад. Ин дар ҳоле мебошад, ки Сарвари давлат аз журналистон холисона баррасии масъалаҳои мубрамро тақозо менамояд, онҳоро ба ҷуръату ҷасорат даъват мекунад.
Камолиддин солҳои аввали ба истиқлол расидани кишвар хоҷагии фермерӣ ташкил кард. Ҳоло корҳои ин хоҷагии фермерӣ ба дӯши писараш вогузорӣ шудааст. Ҳар сол хоҷагӣ гандум, картошка ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ парвариш кардаву ба дастурхони мардум пешкаш менамояд. Дар як тарафи майдони хоҷагии фермерӣ дарахтони мевадиҳанда низ мавҷуданд, ки кайҳо ба ҳосил даромадаанд.
Дар бораи ӯ боз метавон чанд варақро сиёҳ карду навишт ва паҳлӯҳои гуногуни ҳаёташро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар тӯли ҳаёти наздик ба ҳафтодсолааш Камолиддин бо ҳамсари меҳрубонаш – Мӯнисхон соҳиби панҷ фарзанд шудаанд ва набераву аберагон ҳастанд. Бо вуҷуди ин, вай хастагиро намеписандад ва ҳамчун фаъоли ҷамъият, депутати халқ, журналисти боҷуръат дар роҳи хидмат ба мардуми худ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: