ӮЗБЕКИСТОН ВА ПОЛША БА АНҶУМАНИ РЕКТОРОНИ ДУ МАМЛАКАТ ТАЙЁРӢ МЕБИНАНД

Моҳи апрели соли равон дар Тошканд анҷумани ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Полша, ҳамчунин конфронси ҳарсола бинобар рейтинг ва ҳамкории байналхалқии байни мактабҳои олӣ «IREG-2023: Рейтинги академӣ» баргузор мешавад.

Масъалаҳои ташкил додани чорабиниҳои зикршуда дар ҷараёни вохӯрии сафири Ӯзбекистон дар Полша Баҳром Бобоев ва президенти Оҷонсии байналхалқии рейтингии IREG дар Варшава  Валдемар Савинский баррасӣ шуданд.
Роҳбари оҷонсии рейтингӣ эътибори Ӯзбекистонро, ки ба низоми таълими олӣ нигаронида шудааст, ҳамчунин соҳаи тайёркунии кадрҳоро баланд арзёбӣ кард. Бинобар суханони ӯ сифати таълими олӣ дар мамлакати мо ба меъёрҳои баландтарини ҷаҳонӣ мусоидат менамояд, дар он ҳамзамон ҳувиятҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки ҳоли ҳозир ҳайати беш аз 30-нафараи ректорон ва профессорони мактабҳои олии Полша бо сарварии раиси Шӯрои ректорони донишгоҳҳои Полша Анҷей Мелчик ташаккул меёбад, ки дар Анҷумани ректорони мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Полша иштирок хоҳад кард. Воқеаи мазкур мавриди рағбати ҳар ду ҷониб қарор гирифтааст ва мувофиқи муоҳидаи пешакӣ бо Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон баргузории чорабинӣ 25 апрели соли равон пешбинӣ шудааст. 
Ҳамзамон масъалаи гузаронидани конфронси ҳарсола бинобар рейтинг ва ҳамкории байналхалқии байни мактабҳои олии «IREG-2023: Рейтинги академӣ» 27-28 апрел дар Тошканд муҳокима шуд. Чорабинии мазкур барои ба низоми рейтингҳои академии IREG ворид гардидани мактабҳои олии Ӯзбекистон такон мебахшад. Интизорӣ меравад, ки дар конфронс аъзои IREG, ректорони мактабҳои олии Канада, Бразилия, Олмон, Нидерландия, Венгрия, Руминия, Полша, Чин, Сингапур, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри ВАРШАВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: