Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, узви гурӯҳи сиёсии «Ҳизби халқии Аврупо» (демократҳои масеҳӣ) Томаш Здеховский дар гузоришаш ба АИ «Дунё» бинобар бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул гардидани Баённомаи Ассамблеяи генералии СММ «Осиёи Марказӣ дар рӯёрӯйи таҳдидҳои экологӣ: мустаҳкам гардидани ҳамдилии минтақавӣ барои рушди устувор ва шукуфоӣ»-ро тавзеҳ дод.
– Қабул шудани баённомаи Ассамблеяи генералии СММ «Осиёи Марказӣ дар рӯёрӯйи таҳдидҳои экологӣ: мустаҳкам гардидани ҳамдилии минтақавӣ барои рушди устувор ва шукуфоӣ», ки аз ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод гардид, дар ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи экологӣ, ки дар назди минтақа истодаанд, қадами муҳим ба шумор меравад. Ман ба сарварии Ӯзбекистон дар татбиқсозии рӯзномаи иқлим дар Осиёи Марказӣ ва иқдоми рушди устувори он баҳои баланд медиҳам.
Эътироф гардидани ташаббусҳои Ӯзбекистон дар баённома,аз ҷумла «Рӯзномаи сабз барои Осиёи Марказӣ» ва баргузор намудани Анҷумани байналхалқии вобаста ба иқлим дар Самарқанд, ки соли 2024-ум баргузор мешавад, шаҳодати эътиқоди мамлакат дар мубориза бо тағйироти иқлим ба шумор мераванд. Эътибори Ӯзбекистонро нисбати нармтар сохтани оқибатҳои хушкшавии баҳри Арал, ки ба муҳити атроф ва ҳаёти мардуми минтақа таъсири нохуб дорад, ба хусус муҳим мешуморам. Созмон дода шудани Бунёди бисёршарики трастии СММ оид ба амнияти инсонӣ дар минтақаи Наздиарал барои ҳаллу фасли ин мушкилоти муҳим қадами бағоят саривақтӣ маҳсуб меёбад.
Даъвати баённома ба ҳамкории байналхалқиву минтақавӣ баҳри ҳалли таҳдидҳои ҷиддии экологӣ, ки дар назди Осиёи Марказӣ истодаанд, аҳамияти махсус дорад.
Ман аз тамоми кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал меоварам, ки барои татбиқ шудани тавсияҳои баённома, ки аз ҷумла рушди устувори хоҷагии қишлоқ, манзараҳо, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об, самаранокии энергия, коркарди партовҳо, рушди устувори сайёҳӣ, шаҳрҳои «боақл» ва нақлиёти муттасил якҷоя кор баранд.
Фоҷиаҳои вобаста ба иқлим, ки дар гузашта ба сари Осиёи Марказӣ омадаанд, аз зарурияти ба роҳ мондани саъю кӯшишҳои таъҷилӣ хотиррасон мекунанд. Мо бояд роҳи барқарор кардани баҳри Аралро, ки замоне ҳавзаи зебои об буд, дарёбем, ҳамзамон рушди устувори кишоварзӣ ва саноатии минтақаро таъмин кунем.
Роҳ ҷониби Осиёи Марказии «сабз» ва устувор равшан аст ва ман бовар дорам, ки ба шарофати кори роҳбарияти Ӯзбекистон ва ҳамкориҳои байналхалқӣ мо метавонем ба ин мақсади худ бирасем.
АИ «Дунё»,
шаҳри Брюссел.