ФИЛМ ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

Дар Бухоро банаворгирии филми ҳуҷҷатии «Ибни Сино.

Дар байни Шарқу Ғарб», ки ба падари илми тиб Абӯалӣ ибни Сино бахшида шудааст, оғоз ёфт. 
Ин кинолоиҳа мувофиқи дархости Агентии кинематографияи Ӯзбекистон, Ширкати «V& Co LLC»-и ИМА ва ассотсиатсияи  «Associazione Circles Squarid»-и Италия ба навор гирифта мешавад.
Ҷараёни банаворгирии филм дар Италия рӯи кор омада, ҳоло он дар Бухоро идома меёбад.
Бояд таъкид кард, ки дар китобхонаи  Донишгоҳи  Болонияи Италия дастнависи тарҷумаи пурраи китоби «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино ба забони ибронӣ мавҷуд аст. Ин дастхат ба нимаи дуюми асри ХV дахл дорад. Ин асари Шайхурраис дар муассисаҳои таълими тиббӣ, аз ҷумла дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун  дастурамали асосии таълимӣ истифода мешавад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози  тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: