Самарқанди қандманд ғайр аз таърихи куҳану пурҷозиба, инчунин бо ҷамоли навинаш диққату эътибори меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Дар майдони Регистон, хиёбони ба номи Алишер Навоӣ, маҷмӯъаи «Шаҳраки абадӣ» шаҳракҳои Фарҳод, Сӯлим, Кимёгарон, Суғдиёна ва ғайра базму тараб, озмуну мусобиқаҳои гуногун гузаронида мешавад.
Таҷрибаи мо, роҳбалад-гидҳо гувоҳӣ медиҳад, ки дар охири моҳи декабр барои пешвоз гирифтани Соли нав сайёҳони хориҷӣ фавҷ-фавҷ ба Самарқанд ташриф оварда аз таомҳои миллӣ, барномаи консертӣ, ҳунарнамоии соҳибони касбу кори гуногун баҳра баранд.
Ана барои чӣ имрӯзҳо кӯчаҳои шаҳр, хиёбону гулгаштҳо намуди идона гирифта, диққату эътибори ҳамаро ба худ мекашанд.
Бо тавсия ва пешниҳоди ҳокимияти вилоят мо нисбати шаҳри бостонӣ маълумотҳои наву шавқовар пайдо мекунем, ки ба меҳмонон писанд ояд.
Дилфуза МУҲАММАДИЕВА,
гид-экскурсовод.
САМАРҚАНД.
Намоиши асарҳои ҷавонон
Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд бахшида ба рӯзи байналхалқии маълӯлон ва 31-солагии муносибати дипломатии байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ намоиши асарҳои эҷодкори ҷавони куриёӣ Пе Хёнг Мин ва эҷодиёти талабагони Институти рассомӣ ва дизайни миллии ба номи Камолиддин Беҳзод кушода шуд.
Дар намоишгоҳ асарҳои талабаҳои имконияташон маҳдуди институт, аз ҷумла, Зулфия Рустамова, Умеда Ҳамидова, Барно Нарзуллоева, Айгул Ниятуллоева ва устоди онҳо Ҷасур Ҷумъаев, инчунин графикаҳои эҷодкори ҷавон Пе Хёнг Мин намоиш дода мешавад.
Бахусус, портрет, натюрморт ва картинаҳои гуногунжанри Зулфия Рустамова диққатҷалбкунандаанд. Пе Хёнг Мин дар баробари рассомӣ ба мусиқа низ шавқи зиёд дорад. Вай дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ҳамроҳ бо санъаткорони куриёӣ сурудхонӣ кард.
Олами образҳо
Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи асарҳои рассоми ҷавон Дилбек Тӯхтақулов бо номи «Инсон» ташкил карда шуд. Дар экспозитсия намунаҳои эҷоди рассом, портретҳои бузургон аз қабили Алишери Навоӣ, дӯстии Навоӣ бо Ҳусайн Бойқаро, шоир ва арбоби давлатӣ Бобур, нависанда Ойбек, шоири турк Юнус Эмро, рассом Баҳодур Йӯлдошев, манзараҳои шаҳру деҳот, симои инсонҳои меҳнаткаш ва ғайра ҷой доранд.
Дилбек соли 1994 таваллуд шудааст. Дар Институти рассомӣ ва дизайни ба номи Беҳзод таҳсил гирифта, магистратураро низ дар ҳамин ҷо хатм кардааст. Дар маросими кушода шудани намоишгоҳ рассомон Акмал Нур ва Анвар Мамаҷоновҳо ба фаъолияти рассоми ҷавон муваффақиятҳо талабиданд.
Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.