ИНСОНДӮСТӢ ДАР ДИЛИ ХУРДИ БАЧАГОН

Дар яке аз мактабҳо муаллимае хост, ки ҳавасмандии шогирдонашро нисбат ба инсонигарӣ ва қадри инсон зиёд кунад.

Назди худ қарор дод, ки аз онҳо имтиҳон гирад ва ҳар касе, ки бехато аз имтиҳон гузарад, баҳои аъло мегирад. Имтиҳон чунин буд: шогирдон доир ба инсонигарӣ ва инсондӯстӣ бояд матни зебо ва бехатое нависанд ва ба ғолиб пойафзори хушдӯхти зебо, ки назди омӯзгор меистод, туҳфа карда мешавад. 
Кӯдакон аз ин имтиҳон ё бозӣ лаззат мебурданд. Ҳама ба навиштан шурӯъ карданд. Пас аз ҷамъоварии коғазҳо муаллима бидид, ки аксарият матни зебо навиштаанд. Муаллима маҷбур шуд ба ҳама баҳои аъло гузорад. 
Бозӣ ба анҷом расид, ҳама баҳои аъло гирифт, аммо туҳфаро бояд як нафар ба даст орад. Аз ин рӯ, муаллима роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо кард. Бояд кӯдакон дар варақчае номи худро бинависанд ва онро ба қуттӣ партоянд. Мувофиқи гуфтаи муаллима кӯдакони синфи ибтидоӣ ҳар яке номи худро дар варақча навишта, ба қуттӣ партофтанд. Муаллима бояд аз дохили қуттӣ бе интихоб, як дона варақчаро бикашад. Дар он номи кадом хонанда бошад, ғолиб ҳамон аст. Муаллима варақчаеро аз қуттӣ гирифта дар назди бачаҳо хонд: «Сумайя Абдулкарим, барандаи ҷоизаи имрӯзаи мо аст».
Духтарчаи хурдакак Сумайя дар зери кафкӯбии муаллима ва ҳамсолонаш пеш омад. Ӯ барои туҳфаи олӣ, ки барояш зарур буд ва бо пойафзори дарида ба мактаб меомад, бо ашки шашқатор ташаккур гуфт.
Баъди рафтани шогирдон муаллима коғазчаҳои қуттиро хонда баромад. Дар ҳамаи он як хел ном навишта шуда буд: «Сумайя Абдулкарим». Муаллима ба тараҳҳум ва инсондӯстии шогирдони кӯчакаш аҳсант хонд.

Фариштаи ҒОИБНАЗАР.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: