ХАНДАИ БЕҶО

Ин ҷавонро бинед?!

Даҳонашро як қулоч калон кушода механдад? Барои чӣ механдад? Оё вай дарду ғаме надорад? Ё мушкилоташро ҳамчун хасрӯба рӯфта партофтааст?! Барои дар оғӯши бахту иқбол буданаш механдад? Ё девонаи гузаро аст?..
Э, бисёр даҳонатро калушкӯҳна накун. Боз надаррад!  Ҳоло мебинем? Абри баҳорӣ нашавӣ! Боронҳои пай дар пай замин фалла созад, ашкрезии беист одамро ғарқ мекунад! Фақат ту каме сабр кун. Ана баъд мебинӣ, ки хандаҳои лабонат аз сӯрохиҳои биниат зада мебароянд! Субҳи содиқ шоми торик ҳам дорад!
Ханд, ханд! Мактаби деҳаро тамом кунӣ, ана баъд  муғҷаҳои аввалинашро мебинем. Азоби ба мактаби олӣ даромадан дилатро зардобу ҷигаратро хуноб мегардонад. Азоби хондан як тараф, талабу тамаъгарии устоду муаллимон аз тарафи дигар, душвориҳои ҷойи хобу хӯрок аз самти савум ва аз бепулӣ рӯзадориҳои маҷбурӣ... э-ҳе, туро аз чор тараф муҳосира мекунанд. Умуман, ман кадом яктоашро гӯям?! Ҳоло ҳамон солҳои донишҷӯйиро ба ёд орам, табассум куҷо, чашмонам ҳавзи пуроб мешаванд...
Хурсандӣ, ки баъди мактаби олӣ даррав ҷойи кор меёбӣ, моҳона мегирӣ, зиндагониат шоҳона мегузарад? Балоя! Бе малаху шиносбозӣ ҳатто туро ба остонаи корхона роҳ намедиҳанд. Кор ёбӣ ҳам, ё роҳаш дур, ё моҳонааш кам ё худи кор вазнини миёншикан. Ба ҳамааш тоқат кунӣ, ки бо шеф забон ёфта наметавонӣ. Ҳамаи сардорон дар пеши худ оина доранд: аввал худро мебинанду ғами худро мехӯранд. Ба коргарони бечора парвое надоранд. Бо дӯғу даранг кор мефармоянд, маҷлисгузаронӣ мекунанд. Дар ин хел вақтҳо маҳмаддоноӣ кунӣ ё ҳаққи худро талаб кунӣ, ба бало мемонӣ, душмани рақами яки шеф мегардӣ... Маҷбур, рӯзи дароз кору бори ту  ҳақоратдиҳии сардорат мешавад. Бо ин ҳам дилат холӣ нагардад, ба ёфтани ҷойи кори нав маҷбур мешавӣ. Ҳа, ту аз ҳамин хел пешомади ҳаётат механдӣ?!
Ё ту акнун, ба духтари дилхоҳат хонадор мешавию барои ҳамин механдӣ?! Э ҷавони нодон, зангирӣ ин ғамгирӣ аст. Ҳамаи хандаву хурсандиҳо то рӯзи тӯй давом мекунад. Баъд, бо гузашти моҳу солҳо ғаму ташвишҳои оиладорӣ  калон мегардад... Дар умрат ту ягон маротиба барфкӯчӣ дар кӯҳсорро дидаӣ? Дар аввал он хурдакак, мумкин аст мисли қурут бошад. Баъде, ки он аз қуллаи кӯҳ лағжид, тамом. Ғелида-ғелида то пастхамӣ омада мерасад, ки калону бадвоҳима мешавад. Бинои даҳқабата дар пеши он номаъқул кунад. Барои ба болои сарат фурӯ афтодани ҳамин хел барфтарма хурсандӣ мекунӣ? Хобатро ба об гӯ! Мабодо ба бахтат зани мортабиат афтад, мурдам гуфтан гир. Дӯзахи рӯйи замин зиндагӣ бо зани бадфеълу бадаъмол аст, эй нодон!
Даҳонат аз ханда пур, ки фарзандҳо калон шаванд, ҳаётат ба мисли шаҳду шакар мегузарад? Не, ҳамаи инҳо орзуҳои хоми одамизод аст. Дар фикру хаёл ҳасту дар ҳаёт – не. Қариб ягон орзую хаёли одам амалӣ намешавад. Бачаҳо калон шаванд, талабу дархостҳояшон ҳам калон мешаванд. Калоба сару охир дораду талаботи  онҳо беохир. Мурда халос хӯрданӣ шавӣ, ки аз болои мерос ҷангу ҷанҷол сар мешавад ва боз ту гунаҳкор мешавӣ. Дар гӯр ҳам ором хобидан намемонанд...
Ё ҳамчун гули каду механдӣ, ки баъди ба нафақа баромадан зиндагониат бо кайфу маишат мегузарад? Давлату савлати пирӣ меронӣ?! Пешакӣ ин хел намешавад, гӯям, аз ман хафа нашав! Бовар накунӣ, боз 40-50 сол тоқат кун, инро бо чашмонат худат мебинӣ. Як тасаввур кун: пештар дар корхона кор мекардиву  сардор якта буд. Баъди ба нафақа баромадан, ҳама сардори ту мешаванд. Охир ғуломи бепулу беминнат ба кӣ маъқул не? Кампир – занат ҳам кор мефармояду набераи дусолаат ҳам. Накунӣ, ба бало мемонӣ. Кунӣ, табъи дили онҳо не. Арзу додатро касе намешунавад. Замин сахту осмон баланд. Ҳа, нафақахӯрӣ ҳам осон не. Пир, ки шудӣ, бемориҳо ошиқ шуда, ширеш барин ба ту мечаспанд. Якеро табобат карда нашуда, дигараш дар навбат меистад. На таъми хӯроки хӯрдаатро медониву на фароғати хобиданатро. Худо гӯй, ки аз  пойи равонат намонӣ. Мабодо хун ба сарат зада, инфаркт ё инсулт шавӣ, вой бар ҳоли ту. Се рӯз нигоҳубин накарда, ҳама безор мешаванд. Дар дил ҳарчӣ зудтар мурданатро мехоҳанд. Аҷаб дунёст ин дунё!...
Лекин, дангали гап, ба ин дунё наоӣ, бемалол хандиданат мумкин!

Бахтиёри ҶУМЪА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: