МАКТАБИ НАМУНАВИИ ДЕҲАИ ДУРДАСТ

Мактаби миёнаи рақами 30-юми деҳаи дурдасти Сойихурд бо дастовардҳои худ яке аз мактабҳои намунавии ноҳияи Нурато ба шумор меравад.

 Дар мактабамон 98 нафар хонанда буда, 59 нафари он духтарбача ва 39 тоаш писарбачаҳо мебошанд. 
Дар мактаб 3 нафар мутахассисони тоифаи якум, 5 нафар тоифаи дуюм ва 3 нафар тоифаи олӣ соҳиби дониши пухта ва таҷрибаи корӣ буда, ба хонандагон сабақ медиҳанд. 
Бо фахр гуфтан мумкин аст, ки ба наздикӣ дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни забони тоҷикӣ хонандаи синфи 9 Манижа Шавкарова ба ҷойи сеюм, аз фанни забони ӯзбекӣ хонандаи синфи 10 Гулфина Акрамова ба ҷойи якум, хонандаи синфи 10 Шукрона Суярқулова аз фанни таърих ва забони тоҷикӣ, хонандаи синфи 11 Шаҳзода Иброҳимова аз фанни забони ӯзбекӣ ба ҷойи якум, хонандаи синфи 11 Интизора Ҷӯраева аз фанни забони ӯзбекӣ ба ҷойи сеюм сазовор гардиданд. Инчунин, якчанд нафар хонандагони иқтидорнок дар озмуни «Ҷавонони Синтаб» иштирок намуда, истеъдодҳои худро нишон доданд. 
Дар мусобиқаҳои варзишӣ, ки миёни мактабҳои ноҳия доир ба футбол баргузор гардид, писарбачаҳо ҷойи аввалро ишғол намуданд. Мактабамон дар минтақаи дурдаст ҷойгир шуда бошад ҳам, дар ин ҷо хонандагони аълохон, боиқтидор ва зукко ба камол мерасанд. Албатта, дар ин дастовардҳову муваффақиятҳо меҳнат ва хизмати шоистаи директори мактаб Т. Раҳмонов ва ҷонишини директор А. Раҳимов хеле калон аст. 
Ман фахр мекунам, ки дар қатори чунин устодони ботаҷрибаву меҳрубон ба насли наврас дарс медиҳам.

С. РАҲИМОВА,
муаллимаи мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато. 

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: