Байни Фарғона ва Суғд лоиҳаҳои сайёҳӣ татбиқ мегарданд

Миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муштарак амалӣ мешаванд, ки ҳадафи он афзоиши гардиши мутақобилаи сайёҳон ва пешниҳоди хизматрасонии босифат ба онҳо мебошад.

Аз ҷумла, байни вилояти Фарғона ва вилояти Суғди ҳамсояи ҷумҳурӣ инфотурҳо ташкил карда мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо таблиғи густурдаи иншооти иқтидори сайёҳиашон баланд мебошад.

Дар ин рӯзҳо ҳайат иборат аз кормандони идораи сайёҳии вилояти Фарғона, васоити ахбори омма, рӯзноманигорон ва блогерҳо ба ҷумҳурии ҳамсоя сафар карда, бо мавзеъҳои нави сайёҳӣ ошно шуданд.

Зимни сафари иттилоотӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии вилояти Фарғона тақдимот гузаронда, ҷиҳати таҳкими таблиғ дар Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳон аз ҷумҳурии ҳамсоя ба кишвари мо бо кумаки ширкатҳои туроператорҳои маҳаллӣ созишномаҳо ба даст омаданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: