Дар арафаи 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон дар қатори пешқадамони соҳаҳои гуногун узви иттиҳоди «Ҳунарманд», кашидадӯзи моҳир Муҳаббат Қӯчқорова низ бо Фармони Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев сазовори ордени «Дӯстлик» гардид.
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Низомии ГАНҶАВӢ.
Дар арафаи 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ӯзбекистон дар қатори пешқадамони соҳаҳои гуногун узви иттиҳоди «Ҳунарманд», кашидадӯзи моҳир Муҳаббат Қӯчқорова низ бо Фармони Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев сазовори ордени «Дӯстлик» гардид. 29 августи соли ҷорӣ дар ҳокимияти вилоят маросими тантанавии ба 23 нафар сокинони вилоят супоридани мукофотҳои давлатӣ ба амал омад. Аз ҷумла, Муҳаббат Қӯчқорова ҳам мукофоти давлатиро аз дасти ҳокими вилоят бо як ҳиссу ҳаяҷони гуворо қабул кард. Вай бо фараҳ ба ҷойаш бармегашту ба муборакбодгӯиҳои атрофиён бо ишораи сар арзи сипос намуда, аз камоли хурсандӣ зери лаб пичирросзанон: «Маро ба чунин қадршиносӣ муносиб дидӣ», гӯён ба Офаридгор шукрона мегуфт.
Муҳаббат одати аҷиб дорад: ҳар гоҳ, ки кораш барор гирад, ё комёбие насибаш гардад, беихтиёр симои падару модар, додарону хоҳар ва фарзандони азизашро пеши назар меорад. Мехоҳад муваффақияташ ва эҳсосоти гарми дилашро бо онҳо баҳам бинад. Охир дуои неки волидон, меҳру муҳаббати беандозаи фарзандон ба вай иқтидор ва болу пар мебахшанд.
Вай 26 апрели соли 1969 дар хонадони сокинони деҳаи Савраки ноҳияи Шофиркон деҳқони пуртаҷриба, тракторрони моҳир Узоқ Қӯчқоров ва омӯзгори фанҳои кимиёю биологияи мактаб Саодат Қӯчқорова ба дунё омад. Азбаски фарзанди калонӣ буд, минбаъд дар нигоҳубини хоҳару додарон, ташвишҳои рӯзгор ба ёвари боэътимоди модар табдил ёфт. Дар мактаби зодгоҳ бо баҳоҳои хубу аъло хонду айни замон ҳунари модар – кашидадӯзиро омӯхт. Модар низ вақти холӣ, ки ёфт, ба Муҳаббат ва хоҳаронаш асрори ҳунарро меомӯзонд. Хусусан шабҳои дарози фасли зимистон ин ҷараён дер давом мекард. Муҳаббат соли 1986 мактаби миёнаро хатм карда, ба Институти технологӣ ҳуҷҷат супурд, вале кораш омад накард. Маҷбур шуд, дар омӯзишгоҳи яксолаи муҳосибтайёркунӣ таҳсил кунад. Баъди хатми он ба зодгоҳ баргашта, дар идораи иттифоқи касабаи хоҷагии ҷамоавии «Шофиркон» якчанд сол кор кард. Ба ҷавони деҳаи ҳамсоя Фарҳод Рамазонов ҳамхона шуд. Вақте фарзанди аввалин – Гулҳаё ба дунё омад, шароити оилавӣ имконият надод, ки корашро дар идораи хоҷагӣ давом диҳад. Аз ин рӯ, домани ҳунари модар – кашидадӯзиро маҳкамтар дошт. Шавҳари меҳрубон ба ҳамсараш мададгор шуд. Муҳаббат узви иттиҳодияи «Ҳунарманд» гардид. Дере нагузашта ба маҳсули дастони аъзои ин иттиҳодия, аз ҷумла: сӯзанӣ, болинпӯш, хилъат, ҷома, камзӯл, ҷойнамоз ва ғайра талабгорон зиёд шуданд. Тадриҷан духтарони гирду атроф ба шогирдӣ меомаданд. М. Қӯчқорова дар қатори фарзандони худ ба онҳо низ асрори кашидадӯзиро ёд медод. Шавҳараш бобати тарроҳӣ ба онҳо кумак мерасонд. Соли 2007 Муҳаббат Қӯчқорова дар озмуни «Ташаббус» иштирок карда, дар марҳилаи вилоятии он соҳиби ҷойи аввал ва дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ ғолиби номгӯйи «Устои сершогирд» гардид ва бо телевизор мукофотонида шуд. Ин комёбӣ Муҳаббат ва аҳли оиларо рӯҳбаланд намуд. Онҳо акнун баҳри қонеъ гардондани талаби дархосткунандагон аз ҳарвақта дида бештар кор мекарданд. Даромади табъи дил имконият дод, ки соли 2011 дар мавзеи «Ситораи Моҳи Хосса»-и шаҳри Бухоро дукони хусусии худро кушоянд. Соли 2014 барои соҳибкорон бобарор омад. Онҳо бо маҳсули дастони худ ба хориҷа сафар карданд.
Муҳаббат Қӯчқорова ва Фарҳод Рамазонов туфайли ҳунари қадимии аҷдодӣ ба ИМА, Малайзия, Фаронса, Туркия барин мамлакатҳо сафар карда, маводҳои кашидадӯзии худро муаррифӣ намуданд.
Соли 2017 соҳибкорон манзили воқеъ дар деҳаи Талиҷаии худро ба ҳавлӣ-меҳмонхона табдил дода, фаъолияташонро фарохтар намуданд.
Мутаассифона, рӯзгор танҳо аз шодӣ иборат нест. Соли 2021 барои аҳли хонадон бо ду ҷиҳати тазоди худ фаромӯшнашаванда гардид. Аввало Муҳаббат Қӯчқорова дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Ташаббус – 2021» иштирок карда соҳиби ҷойи сеюм, медали биринҷӣ ва 50 миллион сӯм мукофоти пулӣ шуд, сониян сарвари хонадон Фарҳод Рамазонов нобаҳангом вафот кард, ки барои аҳли оила талафоти ҷиддӣ буд. Чӣ илоҷ?! «Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад», – гуфтаанд.
Муҳаббат бо шавҳараш панҷ духтар – Гулҳаё, Гулзода, Гулнора, Мушарраф, Азизаро табъи дил ба воя расонда, чор нафари онҳоро ба шавҳар баровардаанд. Онҳо ҳоло соҳиби хонаю ҷо, фарзандон ҳастанд. Духтари аз ҳама хурдӣ Азиза шогирди магистратураи Донишгоҳи давлатии Бухорост.
Кашидадӯзи пуртаҷриба дар ҳалқаи фарзандон, даҳ набера ва шогирдон ҳамоно машғули касби дӯстдошта аст ва бо сарафрозӣ мегӯяд, ки шогирдони тайёркардааш аз дусад нафар зиёданд. Байни онҳо Юлдуз Қӯчқорова ва Лутфия Рӯзиева аллакай устои комил шуда, маҳсули дастони худро ба хориҷа мебароранд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.