Президент Шавкат Мирзиёев 5 сентябр бо лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Тошканди Нав шинос гардид.
Ҳоло дар Тошканд қариб 5 миллион нафар иқомат ва кор мекунанд. Бисёр иморатҳои иқоматӣ ва дигар объектҳо сохта мешаванд, ба инфрасохтор сарборӣ меафзояд. Ҳамзамон соле ба сохтмони 20 ҳазор квартира, беш аз 40 мактаб, кӯдакистон ва поликлиника эҳтиёҷ ба вуҷуд меояд. Бо назардошти суръати имрӯзаи урбанизатсия дар солҳои наздик интизор меравад, ки аҳолӣ боз ҳам зиёд мегардад.
Роҳбари давлат, ки ба масъалаҳои мазкур эътибори алоҳида медиҳад, вазифа гузошт, ки нақшаи инкишофи Тошканд барои 15-20 соли оянда пешакӣ муайян карда шавад. Бинобар он сохтмони шаҳри нав дар ҳошияи пойтахт дар асоси дастовардҳои замонавии меъморӣ шурӯъ гардид. 20 июли соли ҷорӣ қарори Президент дар бораи чорабиниҳо оид ба сохтмони шаҳри Тошканди Нав қабул гардида буд. Бинобар он Шӯрои ҳамоҳангкунанда зери роҳбарии Сарвазир ва маъмурият ташкил шудааст. Вазифаи муовини вазири сохтмон ва хоҷагии иқомативу коммуналӣ, ки ба лоиҳа масъул мебошад, ҷорӣ карда шудааст.
Барои татбиқи лоиҳаи доманфарох дар ноҳияҳои Юқоричирчиқ ва Ӯртачирчиқи вилояти Тошканд 19 ҳазору 720 гектар замин ҷудо карда шудааст. Дар марҳалаи аввал дар майдони 2,5 ҳазор гектар сохтмони биноҳои иқоматӣ ва объектҳои инфрасохтор барои 100 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби ин маъмурият ширкатҳои маъруфи хориҷӣ ҷалб гаштааст ва дар асоси амалиёте, ки дар мамлакатҳои рушднамуда бомуваффақият татбиқ гаштааст, нақшаи генералӣ, нақшаҳои соҳавӣ ва барномаҳои мақсаднок таҳия мегарданд.
Тақдимоти лоиҳаи нақшаи генералӣ дар корхонаи воҳиди давлатии «ТошкентбошпланЛИТИ» баргузор гардид. Муовини вазири сохтмон ва хоҷагии иқомативу коммуналӣ – директори Маъмурият оид ба сохтмони шаҳри Тошканди Нав дар бораи корҳои ҷорӣ дар самтҳои таъмини ояндаи инфрасохтори шаҳр, сохтмони роҳ ва пулҳо, таҳияи хулосаҳои муҳандисӣ, шаҳрсозӣ ва меъморӣ гузориш дод.
Дар лоиҳа хусусан ба ҷиҳатҳои экологӣ, шинамӣ ва сарфакории энергетикӣ, таъмини фаъолияти ҳамоҳангии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, оқилона пайвастани коммуникатсияи нақлиётӣ бо пойтахт эътибори алоҳида дода шудааст.
Пешбинӣ мегардад, ки Тошканди Нав шаҳри «оқил» ва «шаҳри боғӣ» мегардад. Дар маркази маъмурӣ идораҳои давлатӣ, Донишгоҳи Ӯзбекистони Нав, китобхона, музейи таърихӣ, қасрҳои маданият ҷойгир хоҳанд шуд. Инчунин мавзеъҳои корчаллонӣ ва инноватсионӣ, кластерҳои таълимӣ, тиббӣ ва сайёҳӣ ҷой дода мешаванд. Дар ҳудуди майдони 420 гектар боғи марказӣ, канал ва кӯлҳои сунъии байни мавзеъҳо, хиёбонҳо дар шафати дарёҳои Чирчиқ ва Қарасу ба вуҷуд оварда, инчунин шароит барои фароғати одамон фароҳам оварда мешавад. Маҳз дар ҳамин ҷо лоиҳаи «Камарбанди сабзи Тошканд» оғоз меёбад.
Лоиҳаҳои қисматҳои шаҳр аз ҷониби 20 ширкати маъруф аз мамлакатҳои мисли Сингапур, Британияи Кабир, Чин, Олмон, Туркия, Нидерландия, Куриёи Ҷанубӣ, АМА таҳия карда мешаванд. Роҳбари давлат ногузирии мутобиқати инфрасохторро ба стандартҳои пешқадам таъкид намуд.
– Дар 32 соли давраи истиқлолиятамон мо бори нахуст чунин шаҳрро месозем, ба он ширкатҳои пешқадамро ҷалб менамоем. Аммо оё соҳаҳо ва стандартҳои мо мутобиқ ҳастанд? – савол гузошт Шавкат Мирзиёев. – Онҳо ба лоиҳаҳои замонавӣ ҳамоҳанг бояд бошанд. Маҳз аз ин боис аллакай имрӯз қонун ва стандартҳоро дар сохтмон, энергетика, обёрӣ, нақлиёт ва тамоми соҳаҳои наздик бинобар стандартҳои баландтарини ҷаҳонӣ такмил диҳем.
Президент бинобар то охири сол анҷом додани ҷузъиёти лоиҳакашӣ, муайян намудани лоиҳакашон ва ташкилотҳои сохтмон доир ба объектҳои марҳалаи аввал супориш дод.
– Чаро мо лоиҳаро тадриҷан, гаштаю баргашта баррасӣ мекунем? Чунки ин шаҳр ба халқамон садҳо сол бояд хизмат кунад. Одамон бояд дар ҷойи аввал бошанд, ояндаи сохтмон низ бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Агар марҳалаи аввал ба таври комил татбиқ гардад, ин бароямон нуқтаи нишондодӣ хоҳад гардид, – гуфт роҳбари давлат.
Ногузирии бармаҳал андешидани масъалаҳои баҳрабардорӣ аз бино ва инфрасохтори оянда, тайёр кардани мутахассисони марбут таъкид ёфт.