Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 март бахшида ба баррасии пешомади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сармоявӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон машварат баргузор кард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 март бахшида ба баррасии пешомади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи сармоявӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ бо Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон машварат баргузор кард.
Қайд шуд, ки солҳои охир нишондиҳандаҳои тиҷоративу сармоявии тарафайн бо кишварҳои мазкур мунтазам меафзояд. Чунончи, бинобар натиҷаи соли 2019 мубодилаи мол бо Русия нисбати соли гузашта 17 фоиз афзуд ва 6,6 миллиард долларро ташкил дод, ҳаҷми савдои дуҷониба бо Озарбойҷон бошад, 55,7 фоиз зиёд гардид.
Ҳамкориҳои сармоявӣ мустаҳкам мешаванд. Соли гузашта дар Ӯзбекистон бо иштироки сармояҳои Русия 484 корхонаи нав таъсис ёфт ва миқдори умумии онҳо ба 1828 адад расид. Ҳоли ҳозир миқдори корхонаҳое, ки дар мамлакати мо бо сармояҳои Озарбойҷон амал мекунанд, 178 ададро ташкил медиҳад.
Дар машварат ба саривақт ва босифат ба роҳ мондани лоиҳаҳои дарамал ва коркарди таклифҳои нав бинобар амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои зикршуда дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва нақлиётиву логистикӣ эътибори махсус дода шуд.
Масъалаҳои вобаста ба чорабиниҳои пешистодаи дуҷониба бо Федератсияи Русия муҳокима гардиданд. Чунончи, якҷо бо шарикони русиягӣ татбиқ намудани лоиҳаҳо дар ҳаҷми 7,3 миллиард доллар пешбинӣ мегардад, ки имкон медиҳад 3,5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оянд.
Зикр шуд, ки дар доираи ба роҳ мондани кооператсияи саноатӣ бо шарикони озарбойҷонӣ лоиҳаҳои арзишашон беш аз 355 миллион доллар коркард мешаванд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани мураттаб сохтани автомобилҳои сабукрав ва автобусҳо пешбинӣ мегардад. Ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаи нафту газ инкишоф меёбанд.
Зарурати пурмуҳтаво сохтани чорабиниҳои мазкур махсус таъкид шуд, вазифаҳои бартаринок оид ба самарабахш ташкил кардани корҳо мушаххас гардиданд.
Дар моҳи ҷорӣ як қатор чорабиниҳои дуҷониба бо Русия ва Озарбойҷон пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, 16-17 март ҷамъомади Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дар даҳаи сеюми моҳи март чунин тадбир бо Федератсияи Русия баргузор мегарданд.
Аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев бобати фаъолтар намудани ҳамкориҳои тарафайни тиҷоративу сармоявӣ бо ширкат ва ташкилотҳои пешқадами Русияву Озарбойҷон, коркарди самтҳои нави ҳамкорӣ бо онҳо супоришҳо дода шуданд.
Хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии ҷангал, саноат, аз ҷумла маҷмӯи агросаноатӣ, соҳаҳои нақлиёту логистика, таълим ва инноватсия ба сифати самтҳои нави афзалиятноки ҳамкорӣ бо Русия муайян карда шуданд.
Супориш дода шуд, ки бо Озарбойҷон, барилова, лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои саноати аграрӣ, токпарварӣ ва виносозӣ, саноати заргарӣ, нафт ва газ, нақлиёт ва логистика, ҳамчунин таълим коркард шаванд.
Бинобар масъалаҳое, ки дар машварат баррасӣ гардиданд, ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шунида, бобати самарабахш татбиқ сохтани вазифаҳои мушаххас чораҳои минбаъда муайян карда шуданд.
ӮзА.