Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Абӯабдуллоҳи РӮДАКӢ.
***
Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Ҷалолуддин Балхии РУМӢ.
***
То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Ибни ЯМИН.
***
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар».
***
Устоду муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.
Саъдии ШЕРОЗӢ.
***
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Абдураҳмони ҶОМӣ.
***
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Камолиддини БИНОӢ.
***
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Сайидои НАСАФӣ.
***
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Ҳусайн Воизи КОШИФӢ.
***
Фанҳои мушкил вуҷуд надоранд, танҳо шарҳу тафсирҳое ҳастанд, ки ҳазмашон осон нест.
А.И.ГЕРТСЕН.
***
Мураббӣ хоҷаи мансабдор нест, агар ӯ хоҷаи мансабдор бошад, пас мураббӣ нест.
К.Д.УШИНСКИЙ.
***
Мактаб устохонаест, ки дар он тафаккури насли ҷавон ташаккул меёбад; агар ояндаро аз даст додан нахоҳӣ, бо мактаб бош.
А.БАРБЮС.
***
Шаъну шараф ба омӯзгоре, ки дар дили шогирдонаш ҳисси аз меҳнат завқ бурданро бедор карда метавонад.
Э.ХАББАРД.
Таҳия ва тарҷумаи ФАРИШТА.