Дар вилояти Бухоро соли 2023-юм аз 60 ҳазору 44 нафар заноне, ки ба «Дафтари занон» дохил карда шудаанд, ба 59 ҳазору 913 нафар бонувон кумакҳои амалӣ расонида шуданд.
Барои татбиқ намудани ин корҳо 48 миллион сӯм сафарбар гардид.
Агар ба рақамҳо эътибор диҳем, мебинем, ки соли 2023-юм дар Бухоро 68 ҳазору 367 занони бекор бо кор таъмин карда шудаанд. Ба мақсади инкишоф додани соҳибкории бонувон барои 10 ҳазору 114 зан 187,5 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст, 10 ҳазору 120 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Тақрибан нисфи ин нишондиҳанда аз ҷумлаи онҳоест, ки ба «Дафтари занон» ворид шудаанд. Аз ҳама муҳимаш аксари онҳо имрӯз мавқеи худро дар ҳаёт пайдо карданд.
– Занони фаъол аз имкониятҳое, ки давлати мо фароҳам меоварад, самарабахш истифода мебаранд, мушкилот ва масъалаҳоро меомӯзанд, нисбати занони маҳалла ғамхорӣ менамоянд, бо ҳар кадоми онҳо алоҳида кор мебаранд. Таъмин намудани талаботи аввалиндараҷаи онҳо бо кумаки «Дафтари занон» барои дарёфти манбаи доимии даромад асос ба шумор меравад, – мегӯяд фаъоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ҳавзи нав»-и шаҳри Бухоро Нодира Болтаева.
Дар ноҳияи Ромитан соли 2023-юм 984 зан бо шуғл таъмин карда шуданд, ба 18 нафар барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкориашон субсид пешниҳод гардид. Ба 78 нафар занони камтаъмин, ки мехоҳанд бо тиҷорати худӣ машғул бошанд, дар ҳаҷми 1,4 миллиард сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд.
Шаҳноза Сафарова, ки дар маҳаллаи Тарнаут зиндагӣ мекунад, гармхона ташкил намуд, ки даромади хуб меоварад. Тавре ки бонуи соҳибкор мегӯяд алҳол арзиши бозаргонии як ниҳол тақрибан ду ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Дар як мавсим бо истифода аз дастгирии давлат вай мехоҳад ба харидорон миллион бех ниҳол расонда диҳад.
– Соли 2023 маро ба «Дафтари занон» ворид карданд ва воми имтиёзнок ҷудо намуданд, – мегӯяд Шаҳноза Сафарова. – Алҳол ман дар гармхонаи худ 150 ҳазор бех ниҳол парвариш мекунам, ба нигоҳубини онҳо се нафар корманд машғул мебошанд. Ба Президенти мамлакат барои фароҳам овардани чунин имкониятҳои васеъ ташаккур мегӯям.
Пас аз он ки сокини маҳаллаи Мирзоқалъаи ноҳияи Қароқӯл Ширмоной Бобоеваро ба «Дафтари занон» ворид намуданд, вай дар хонаи худ сехи гилембофиро ташкил намуд, ҷойҳои корӣ фароҳам овард. Алҳол соҳибкор 12-15 миллион сӯм даромад мегирад ва ният дорад фаъолияти худро вусъат диҳад. Аз ҳама муҳимаш, Ширмоной Бобоева мехоҳад касби худро дар бахши ноҳиявии мономарказ ба духтарон омӯзад ва садҳо бонувонро бо кор таъмин намояд.
– Имрӯз он касе ба мақсад мерасад, ки меҳнат кунад, – мегӯяд соҳибкор Ш. Бобоева. – Роҳбари давлатамон ба мо, занон ҳамаҷониба ёрдам медиҳад. Мо дар навбати худ саъй менамоем, ки аз ин пурра истифода барем ва ба натиҷаҳои баланд соҳиб гардем.
Соли равон низ нақшаҳои бузург андешида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи занони ташаббускор алҳол саломатии худро дар шифохонаи «Ҷӯйи зар», ки яке аз гӯшаҳои хушманзаратарини минтақа ба шумор меравад, барқарор менамоянд. Дар инҷо онҳо тӯли тақрибан ду ҳафта сабақҳои соҳибкорӣ ҳам мегиранд, то ки минбаъд аз имтиёз ва имкониятҳои дахлдор истифода бурда, тиҷорати худро ба роҳ монанд.
Зариф КОМИЛОВ, хабарнигори ӮзА.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).