2,4 ҲАЗОР ҚАРОРИ ЗИДДИ РАҚОБАТИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ БЕКОР КАРДА ШУД

22 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои буҷет ва ислоҳоти иқтисодӣ шуда гузашт.

22 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои буҷет ва ислоҳоти иқтисодӣ шуда гузашт.
Дар он аъзоёни кумита, намояндагони гурӯҳи коршиносон, роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, коркунони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи раиси Кумитаи зидди монополия оид ба фаъолияти он дар солҳои 2019-2021 шунида шуд. 
Чуноне қайд гардид, дар доираи вазифаҳои аз ҷониби кумитаи зиддимонополӣ дар солҳои 2019-2021 гузошташуда зиёда аз 14,5 ҳазор ҳаракатҳои гуногуни зидди рақобати монополияҳои калони давлатӣ, иштирокчиёни бозор ва мақомоти давлатӣ бартараф карда шуданд. Дар натиҷа манфиатҳои 37 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи умумии 380 млрд. сӯм ҳимоя карда шуд.
Дар ин давр 2,4 ҳазор қарори зидди рақобати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ бекор карда шуд.
Дар доираи савдоҳои тендерӣ оид ба харидҳои давлатӣ 9,4 омилҳои маҳдудкунандаи рақобат пешгирӣ карда шуд, ки дар натиҷаи ин имконияти сарфа кардани 1,6 трлн. сӯм маблағҳои буҷетӣ ва корпоративӣ фароҳам омад.
Усули арзёбии таъсири қонунгузорӣ ба рақобат ҷорӣ карда шуда, дар асоси он дар 68 фоизи лоиҳаҳои 822 санади меъёрию ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби вазорату идораҳо таҳия шудаанд, меъёрҳои зиддирақобатӣ бартараф карда шуданд.
Барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои гуногун, ки дар 17,8 маврид оид ба ҷойгиркунӣ ва паҳн намудани рекламаҳо ошкор гардид, чораҳо дида шуда, инчунин дар 277 ҳолат рақобати беинсофона вобаста ба маҳдудияти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ пешгирӣ карда шуд. 
Аз рӯи масъалаи дидашуда қарори кумита қабул гардид.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: