НОҲИЯҲОИ БЕҲТАРИН ЭЪЛОН ШУД

Мувофиқи таҳлили Агентии баҳогузорӣ ба донишу малакаи назди Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳоноти тестии абитуриентоне, ки барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии мамлакат дар соли хониши ҷорӣ ҳуҷҷат супоридаанд, беҳтарин 10-то ноҳияе, ки бештар аз ҳама ҷавобҳои дурустро ёфтаанд, эълон гардид.

Бояд таъкид намуд, ки байни даҳ ҳудуди беҳтарин ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро бо натиҷаи 35,9 фоиз ғолиби мутлақ гардид. Ба ғайр аз Пешкӯ байни даҳ ҳудуд ноҳияҳои Ғиждувон (бо натиҷаи 34,2 фоиз ҷойи сеюм), Шофиркон (бо 33,8 фоиз ҷойи панҷум), Когон (ҷойи шашум), Қарокӯл (ҷойи ҳафтум), Қаровулбозор (ҷойи ҳаштум) низ ҳастанд. Шогирдони мактабҳои Пешкӯ дар рейтинги дигар – ёфтани ҷавобҳои дуруст ба саволҳои тест аз фанни математика низ дар миқёси ҷумҳурӣ байни 10-то ҳудуди пешқадам якҷоя бо ноҳияҳои Вобканду Қарокӯл як хел натиҷа – 34,2 фоизро ба даст оварда, дар мавқеи пешқадамӣ устувор мондааст.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
 дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: