САЙЁҲОН ЧАҲОР ФАСЛИ СОЛ ПАЗИРОӢ МЕШАВАНД

Дар мавзеи Миракии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё сохтмони маҷмуи иншоотеро оғоз кардаанд, ки дар ҷаҳор фасли сол имкони пазироии сайёҳони хориҷиву дохилиро дорад.

Президент Шавкат Мирзиёев дар сафари расмии худ ба ин вилоят аз имконоти сайёҳии Қашқадарё ситоиш намуда, таъкид сохт, ки сайёҳонро мавсимӣ не, балки бояд чаҳор фасли сол пазироӣ намудаву хазинаи халқу давлатро ғанӣ сохт. Пас аз ин гуфтаҳои такондиҳандаи раҳбари давлат корҳо дар ин самт майлони тоза пайдо намуданд. Мавзеи Миракӣ, ки то ин замон сайёҳони хориҷиву ватаниро мавсимӣ қабул мекард, ҳоло ба мавзеи «корзоре» мубаддал гаштаву иншооти замонавии ҷавобгӯи меъёр бино меёбанд. Интизор меравад, ки дар зудтарин фурсат ин макон симои худро тағйир дода, ба пазирои ҷаҳонгардони берун аз кишвар омода мешавад. Ҳоло сохтмони меҳмонхона, маскани тафреҳӣ ва дигар иншооти зарурӣ бо суръат идома дорад. 
Дар ҷараёни оғози корҳои сохтмон ва чорабиниҳои вобаста ба он муовини Сарвазир Очилбой Раматов ва ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов ширкат доштанд. 
Дар нақша ҳаст, ки чунин ҳудудҳои махсуси пазироии сайёҳон дар навоҳии дигари вилоят низ роҳандозӣ шаванд. Ин ба афзоиши иқтидори қаламрав дар робита ба қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат хоҳад сохт.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: