Дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ҷамъомади фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ баргузор гардид.
Дар онҳо як қатор лоиҳаи қонунҳое, ки дар баррасии палатаи поёнии парлумон қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомади фраксияи Ҳизби экологӣ дар қироати дувум лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ гардид. Дар лоиҳаи қонуни мазкур тағйироте дохил карда мешаванд, ки дар онҳо ба муҳлати на бештар аз даҳ рӯзи корӣ маҳдуд кардан ва боздоштани фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки муҳити табииро аз меъёр зиёд ифлос мекунанд, пешбинӣ менамоянд. Қабули ҳуҷҷат вазъи экологии кишвари моро беҳтар намуда, пеши роҳи таҳдид ба ҳаёт ва саломатии аҳолиро гирифта, инчунин масъулияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро дар ин самт баланд мебардорад.
Аъзои фраксия лоиҳаро маъқул дониста, қайд карданд, ки мақсадҳои он ба манфиатҳои интихобкунандагон ва электорати ҳизб комилан мувофиқат мекунанд.
Инчунин дар ҷамъомади фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон дар қироати дуюм лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ гардид, ки ба таҳрири нави Конститутсия мутобиқ гардондани беш аз 10 қонун нигаронда шудааст.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур меъёри конститутсиониро инъикос мекунад, ки мувофиқи он шаҳрвандони на кам аз 100 ҳазор нафар, Сенат, Омбудсман ва Комиссияи марказии интихоботӣ ҳуқуқ доранд, пешниҳоди қонунгузорӣ ворид намоянд. Таъкид гардид, ки ин меъёр ба боз ҳам васеъ намудани иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ, ҷалби бевоситаи одамон ҳамчун ташаббускори ислоҳот дар қабули қарорҳои муҳим ҷиҳати амалӣ намудани ояндаи онҳо ва ҳалли саривақтии мушкилоти ҷомеа хидмат мекунад.
Дар натиҷаи баррасӣ як қатор лоиҳаҳои дигар маъқул дониста шуданд.
М. КОМИЛОВА,
мухбири ӮзА.