АЗ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ – ҲАРДУ ҶОНИБ МАНФИАТДОР

Ҳайати соҳибкорону тоҷирони вилояти Бодканди Қирғизистон таҳти раёсати муовини аввали раиси ин вилоят Маъруфхон Тулаев ба вилояти Фарғона омад.

Ҳадаф аз сафар баррасии самтҳои истиқболи рушди ҳамкориҳои вилоятҳои Фарғона ва Бодканд дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. 
– Мо ҳанӯз бо соҳибкорони қирғизистонӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории Фарғона мулоқотҳо анҷом дода будем. Боз чанд вохӯрии дигар низ ба вуқӯъ пайвастанд, ки барои роҳандозии ҳамкориҳои доманфарох заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Аммо барои ба даст овардани натиҷаҳои бештар имкониятҳоямон хеле фаровонанд, ки бояд мавриди истифода қарор дода шаванд, – гуфт муовини ҳокими вилоят Иқболҷон Эргашев.
Аъзоёни ҳайати Қирғизистон бо фаъолияти корхонаҳои азими истеҳсолӣ ва нассоҷии шаҳрҳои Фарғона, Марғилон, Қувасой, ноҳияҳои Тошлоқ, Олтиариқ, Ёзёвон, Қӯштеппа ва Фарғона ошно шуданд. 
 Дар ин миён байни соҳибкорони ду вилоят таҳия ва имзои чанд санади ҳамкорӣ низ барномарезӣ шуд, ки домани ҳамкориҳоро боз тавсеа хоҳанд бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: