(Медиа-тур дар вилояти Тошканд)
(Медиа-тур дар вилояти Тошканд)
Баҳри иҷрои панҷ ташаббуси муҳиме, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пеш гузошта шуда ва дар доираи иҷрои фармону қарорҳое, ки роҳбари давлати мо ба имзо расондааст, дар вилояти Тошканд низ бунёдкориҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд.
Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон таҳти ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Тошканд дар доираи лоиҳаи «Журналист ва ҳаёт» дар шаҳри Нурафшон ва ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд медиа-тур ташкил намуд. Чорабинӣ бо мақсади аз наздик шинос кардани ВАО бо дигаргуниҳои азиме, ки дар ҷойҳои зикршуда рӯи кор меоянд, қулаиҳои ба аҳолӣ офаридашуда, нақшаҳои лоиҳавии сохтмони «шаҳри ақлнок» – Нурафшон-сити корбаст гардид.
Шаҳри Нурафшон аз соли 2017 инҷониб маркази маъмурии вилояти Тошканд ҳисоб меёбад. Дар ҷои собиқ шаҳрчаи Тӯйтеппа, ки соли 1973 ташкил ёфта буд, ҳоло шаҳри замонавӣ ба бунёд омада, дар он бештар аз 52 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат менамояд. Ҷуз аз ӯзбекҳо ва тоҷикон дар Нурафшон ҳамчунин русҳо, корейсҳо, қазоқон ва тоторҳо ҳамҷиҳат умр ба сар мебаранд.
Журналистонро ҳокими шаҳри Нурафшон Қаҳрамон Ҳакимов истиқбол кард ва онҳоро ба муҳимтарин объект ва ҷойҳои ҷолиби маркази маъмурии вилоят, бунёдкориҳои азим, корхонаҳои саноатию нуқтаҳои истеҳсолӣ аз наздик шинос намуд.
Собиқ шаҳрчаи Тӯйтеппа, ки ҳамагӣ 217 гектарро фаро мегирифт, тӯли 2-3 соли охир ба таври шинохтанашаванда дигаргун гашта, масоҳаташ тақрибан 16 баробар зиёд шудааст. Нурафшоне, ки имрӯз 3248 гектар масоҳат дорад, ҳоло ба маънои ҳақиқӣ майдони бунёдкориҳост. Дар шаҳр 22 ҷамоаҳои шаҳрвандӣ мавҷуд, миқдори корхонаҳои саноатӣ ба 41 адад расидааст.
Навъе ҳокими шаҳр таъкид намуд, танҳо дар яке аз кӯчаҳои марказӣ – «Тошкент йӯли» 213 манзилҳои зист ва объектҳои гуногун, ки куҳнасохт буданд, вайрон гардида, ба соҳибони мулк 24 миллиард сӯм ҷубронпулӣ пардохта шуд. Дар кӯчаи зикршуда барпо гардидани 172 адад бино ва иншоот ба нақша даромадааст. Алъон сохтмонҳо дар 78 адад объект бо суръат давом мекунанд. Як қатор объектҳои замонавӣ, аз қабили бинои адлия ва идораи вазъиятҳои фавқулодда, «Маркази ҷавонон», «Қишлоққурилишбанк», «Ҳамкорбанк» аллакай ба истифода супурда шудаанд.
Бо мақсади дар мактабҳои таълими умумии шаҳри Нурафшон аниқ кардани беҳтарин варзишгарон, дуруст ва мазмуннок гузаронидани вақти насли наврас, ҷудо карда гирифтани варзишгарони иқтидорнок ба чемпионати Ӯзбекистон ва мусобиқаҳои байналхалқӣ аз рӯи шоҳмот, тенниси рӯимизӣ, волейбол, баскетбол, мини-футбол барои «Мукофоти ҳокими шаҳри Нурафшон» чемпионат сурат гирифт. Дар он байни 13 мактаб, ки мутааллиқ ба сектори чаҳорум мебошад, беҳтарин ҷамоа ва ҷавонони иқтидорнок ҷудо гардида ва ғолибон бо дипломҳо, медалҳо ва туҳфаҳои хотирмони ҳокими шаҳр, роҳбарони секторҳо ва ҳомиён тақдиронида шуданд.
Ҷалб карда шудани сармоядорҳои хориҷӣ ба шаҳр бештар аҳамият касб менамояд. Чунончи, ба наздикӣ ҳокими шаҳр сармоягузорон аз Туркия ва Озарбойҷонро пазируфт.
Дар вохӯрӣ оиди сохтмонҳои бузурге, ки имрӯзҳо доман густурдаанд ва лоиҳаҳои истиқболнок маълумот дода шуд. Дар навбати худ меҳмонони хориҷӣ ба лоиҳаҳои долузарби иқтисодию иҷтимоии шаҳр таваҷҷӯҳ нигаронида ва дар ин самт таклифу мулоҳизот баён намуданд. Дар вохӯрии дӯстона ҷонибҳо оиди таҳти ҳамкорӣ ба амал баровардани як қатор лоиҳаҳои нав ба як қарор омаданд.
Баробари қад кашидани объектҳои замонавӣ, аз ҷумла, манзилҳои бисёрошёна сокинони ҳавлиҳо аз қитъаҳои наздиҳавлӣ самаранок истифода менамоянд. Масалан, сокини маҳаллаи «Наврӯз» Шуҳрат Умирмоев дар 15 сотих гармхона ташкил карда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи полизӣ саҳм мегузорад. Сокини ҳамин маҳалла Илҳом Назаров дар 6 сотих парвариши кӯчатҳоро хуб ба роҳ монда, дар давраи пандемия манбаи даромад будани рӯиндаричаро ба ҳаммаҳаллаҳо собит месозад. Ҳар ваҷаб майдони кишт дар Нурафшон ба ҳисобу китоб, гуфт ҳокими шаҳр, хусусан, агрофирмаҳое, ки ташкил гаштаанд, дар сарпурсозии растаи бозорҳо ва сарпурии дастархони мардум ҳисса мегузоранд.
Ҳокимияти шаҳр якҷо бо прокуратура ва масъулони ИДА барои таъмини қулайиҳо дар хариди аҳолӣ дар ҳудуди 11 маҳаллаи шаҳр ярмаркаҳои тиҷоратии «хидмат ба мардум»-ро ташкил намудааст. Дар растаҳо 22 навъ маҳсулоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ ҷой гирифтаанд ва бо нархҳои дастрас фурӯхта мешаванд. Ҷуз ин мувофиқи нақша ҳар рӯз ба даҳҳо маҳаллаҳо дар шакли дӯконҳои сайёр савдои маҳсулоти озуқаворӣ ба амал бароварда мешавад.
Дар давоми медиа-тур журналистон аз бинои бисёрошёнаи замонавие дидан карданд, ки дар ҳудуди ҶШМ «Наврӯз» барои зисту зиндагии ходимони шуъбаи вилоятии БТС «Саноатқурилишбанк» пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 45 миллиард сӯм буда, 72 хонадонро фаро гирифтааст. Кормандони шуъбаҳои вилоятии «Қишлоққурилишбанк» ва «Ҳамкорбанк» низ аз ин гуна манзилҳои зисти ҳарҷониба қулай истифода бурда метавонанд. Ҷолиби диққат боз он ки дар ошёнаи аввал – офисҳо, дар қабатҳои болоӣ манзилҳои истиқоматӣ барои банкирҳо бунёд ёфтаанд. Нурафшоне, ки ҳарҷониба обод мешавад, дар пеши назарамон ба нахустин «Smart city» («Шаҳри ақлнок») дар мамлакатамон табдил меёбад. Дар қаламрави он аллакай бунёди биноҳои маъмурии додситонӣ ва умури дохилии вилоят оғоз ёфтааст. Ояндаи наздик лоиҳаҳо оиди барпои биноҳои маъмурии шуъбаи вилоятии Идораи давлатии андоз, саридораи Бонки марказӣ ва бинои суди вилоятӣ амалӣ хоҳанд гашт.
Мувофиқ ба нақшаи асосии «Smart city» консепсияи лоиаҳаҳо аз ҷониби як қатор сармоягузорон кор карда бароварда шуда буданд. Таклифҳо омӯхта шуда, ба наздикӣ аз ҷониби ҳокими вилояти Тошканд Рустам Холматов ва раиси ширкати сингапурии «Universal Svccess Enterpises Limited» Прасун Мухерҷӣ оиди ба амал баровардани лоиҳаи мазкур шартнома ба тарзи онлайн имзо гузошта шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат таҳти ҳамкорӣ бо ширкати сингапурӣ то чаҳоряки аввали соли 2021 асоси техникӣ-иқтисодии лоиҳа кор карда бароварда шуда, баъдтар барпои шаҳри воқеан нурафшони Нурафшон оғоз меёбад. Ба ҷои маълумот гуфтанамон мумкин, майдони умумии шаҳри оянда аз 2 ҳазору 833 гектар иборат буда, бунёдкориҳо дар 3 давра ба амал бароварда мешаванд.
Дар нимаи дуюми рӯз иштирокдорони медиа-тур ҷониби ҶШМ «Берунӣ»-и ноҳияи Қуйичирчиқ роҳ пеш гирифтанд. Лоиҳаи намунавии панҷ ташаббуси аз ҷониби роҳбари давлат корбастшуда – муносиб ба камол расондани ҷавонон, фароҳам овардани шароит ба онҳо дар роҳи дастёбӣ ба маданияту санъат, тарбияи ҷисмонию варзиш, истифодаи самаранок аз имкониятҳои технологияи компутерӣ, тарғиби васеи китобхонӣ, таъмини бонувон бо шуғл дар ин ноҳия баръало ба чашм мерасад.
Маркази маданияти Берунӣ, ки чанд сол инҷониб таъмирталаб буд, ба ивази 6,5 млрд. сӯми аз ҷониби Вазорати маданият ҷудошуда пурра навсозӣ гашт. Дар паҳлӯи он Маркази инноватсионии ҷавонон, «Гузари меҳнатӣ», ки дар ихтиёри Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатист, ҷой гирифтааст. Китобхона, хидмати компутерӣ, маркази таълимӣ, сехи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, хидматгузории тиббӣ, ҳамчун клуби фитнесӣ дар ихтиёри аҳолист.
Таҳти ҳомигии Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ба ивази 4,5 млрд. сӯм маблағ таъмири пурраи муассисаи таълими томактабии рақами 15, дабистонҳои таълими умумии рақамҳои 48 ва 52 ба амал бароварда шудааст. Ба маҳфилҳои варзишӣ ҷалб гардидани беҳтарин муаллимон ва фаъолияти хуби маркази таълимии технологияҳои рақамнокро низ иштирокдорон гувоҳ гардиданд.
Бо мақсади таъмини ҷавонон ва занон бо шуғл аз ҷониби ҶС «Ӯзпахтасаноат» маҷмӯи дӯзандагӣ-трикотажӣ ба фаъолият сар кардааст. Сехи истеҳсолии типи панели сендвичӣ барои бачаҳо пойафзорҳои хушсифат мебарорад. Барои дар сехҳо кор кардан баробарии аҳолии бумӣ хоҳишмандон аз вилоятҳои дигар низ ҷалб шуда ва бо маоши хуб таъминанд.
Дар доираи медиа-тур бо иштироки мутахассисон анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар охири нишаст як гурӯҳ журналистони фаъол бо туҳфаҳои Иттиҳодияи эҷодии журналистон тақдиронида шуданд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Чорабинӣ дар поликлиника
Поликлиникаи оилавии рақами 31-уми ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд ба ҳашт маҳалла хидмати тиббӣ мерасонад.
Дар рӯзҳои пандемия духтурону ҳамшираҳои ин муассисаи табобатӣ муроҷиати беморонро интизор нашуда, то имкон ҳаст ба хонадонҳо мебароянд, аз аҳволи сокинон хабар мегиранд, аз байни 34 ҳазор нафар аҳолӣ, хусусан, солимии шахсони синнашон аз 65 болоро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳанд.
Дар ин маскан ба муносибати 14 ноябр – Рӯзи байналхалқии муҳофизат аз деабет чорабинӣ бо иштироки аҳолии синнашон аз 40 боло баргузор гардид. Дар бораи пешгирии ин беморӣ, тарзи муолиҷа, асоратҳое, ки диабети қанд мегузорад, маълумот дода шуд.
Дар бораи озуқаворие, ки ба ратсиони таомҳо дохил шуда ва парҳезӣ ҳисоб меёбанд низ сухан ба миён омад. Маслиҳат дода шуд барои напечидан ба ин дард дар навбати аввал бояд ба тарзи солими зист ва тановули дуруст риоя кард.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».