ТОЛИБИ МАЪРИФАТ ВА МЕҲРУ ВАФО

Самарқанди куҳану ҳамешаҷавон аз азал баробари ноз аз ёдгориҳои таърихӣ бо бузургмардони илму фарҳанги худ низ ифтихор дорад.

Самарқанди куҳану ҳамешаҷавон аз азал баробари ноз аз ёдгориҳои таърихӣ бо бузургмардони илму фарҳанги худ низ ифтихор дорад. Агар аз манори баландтарини воқеъ дар Регистон ба ҷануб назар дӯзед, хоктеппаи баландро бо номи Талибарзу мебинед. 
Қаҳрамони мо Толиббек Маъруфӣ (Маҳмудов) дар паҳлӯйи ҳамин теппаи таърихӣ, дар оилаи аҳли зиё, арбоби намоёни ҷамъиятӣ, шодравон Маҳмудбек Маъруфӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Ҳар як амал бо хости Худо

Утоқи кории Толиббек Маъруфӣ дар шафати шоҳроҳи Самарқанд – Шаҳрисабз, дар бинои хоҷагии фермерии «Маҳмудбек Маъруфӣ», ки худ таъсис дода, солҳои тӯлонӣ роҳбарӣ кардаасту ҳоло писараш Зафарҷон фаъолияти ӯро идома медиҳад, вуҷуд дошта, як тарафи онро ҷевони китобҳо зеб медиҳад. Вай аз рӯйи одат ҳар рӯз 20-30 саҳифа китоб мехонад.
Толиббек баъди намози бомдод қабл аз ба коргоҳ ворид шудан, қитъаҳои кишоварзиро давр заду асабаш вайрон шуд. Зеро аъзои хоҷагии фермерӣ қариб ба сад гектар замини лалмӣ ғалла коштаанд, вале аз сабаби камбориш омадани баҳор растаниҳо аз сабзиш мондаанд. «Ҳар як амал бо хости Худо» худро таскин дод ӯ ва ба утоқи корӣ ворид шуд. Хаёломез ба ҷевони китобҳо наздик шуду китоби «Таронаҳои Самарқанд»-ро ба даст гирифт ва гӯё бо дӯсти деринаи худ рӯ ба рӯ шуда бошад, табъаш болида гашт. Ба мутолиаи китоб пардохт, ки дар асоси эҷодиёти даҳонакии халқӣ аз ҷониби фолклоршиноси маъруф Баҳром Шермуҳаммадов таҳия шуда буд. Дафъатан модаркалонаш – Муаттар Маҷидова ба хотираш омад, ки тарғибкунандаи асарҳои халқӣ буд. Ӯ дар маъракаҳои занон баёзеро ҳамроҳи худ бурда, шеъру таронаҳои беҳтарини онро ба аҳли маърака мехонд, ҳозирин бо шавқу ҳавас гӯш мекарданд.
Яке аз сурудҳо «Сусхотун» ном дошт. Одатан, дар хушксолӣ аҳли гузар ба зане либоси кӯҳна пӯшонида, дар ба дар мегаштанду ин сурудро мехонданд:
Сусхотун, Сусхотун, 
Сулай хотун,
Гандумако ташна монден, 
Сусхотун, Сусхотун.
Чумчуқако ташна монден, 
Сусхотун, Сусхотун.
Ятимако гушна монден, 
Сусхотун, Сусхотун...
Яке аз соҳибони ҳавлӣ ба бом баромада, аз болои «Сусхотун» об мерехт ва баъд ба қадри имкон ба ӯ ғаллаву нон, орду хушкмева медод. Сусхотунгӯйҳо аз чизҳои ҷамъкардаашон таоме мепухтанд, худ мехӯрданд ва ба дигарон низ медоданд. 
Толиббек баъди қироати суруд аз тиреза ба берун нигарист, шамоли сахт шохҳои сарсабзи дарахтонро алвонҷ медод, дар осмон абрпораҳо пайдо шуда буданд. «Ин ба шарофати ҳамин суруд – ботинан завқ кард ӯ, – боз ду-се маротиба хонам, шояд борон ҳам борад». 
Воқеан, фурсате нагузашта борон борид ва бо чангу тӯпаланг сел омад. 
Қиблагоҳаш Маҳмудбек Маъруфӣ сарвари мактаби миёнаи рақами 41-уми ноҳия буд. Ӯ бо навоварӣ, ташаббускорӣ ва садоқат ба касби педагогӣ корҳои зиёди бунёдкорию ободонӣ ва таълимиро ба фарҷом расонд. Шояд аз ҳамин сабаб соли 1977 дар деҳаи Равонак омӯзишгоҳи касбиву ҳунарӣ таъсис ёфту ӯро директор таъин кардаанд. Аммо он айём на ҳама фарзандонашро ба коллеҷ медод. Маҳмудбек Маъруфӣ барои намуна фарзандаш – Толиббекро аз мактаб гирифту ба омӯзишгоҳ гузошт. Сипас, пайравон афзуданд. Толиббек инчунин дар мактаби шабонаи коргар-ҷавонон таҳсил гирифт, то ки соҳиби номаи камол шавад. Ҳамон солҳо аҳволи модари ӯ Тӯхтабибӣ Раҳматова вазнин шуду бистарӣ гардид. Толиббек дар атрофи модар парвона буд.
– Ҷони оча, илоҳӣ, хока гирӣ, зар гардад, – дилсӯзии фарзандро дида дуо мекард волидааш.
Рост мегӯянд, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Модар шифо ёфт. Дар ин мобайн Толиббек омӯзишгоҳро хатм карду соҳиби номаи камол шуд. Бо маслиҳату тавсияи падару модар ва устодон ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷик супурд ва ба шуъбаи шабона қабул шуд. Як муддат бо боғбонию деҳқонӣ машғул гардид, аммо қатъӣ аҳд кард, ки дар ягон идораи давлатӣ кор кунад. Аз пайи ҷустуҷӯйи кор шуд. Рӯзномаи вилоятиро мутолиа мекард, ногоҳ  чашмаш ба эълони «Ба кор марҳамат!» афтод. Дар эълон гуфта мешуд, ки яке аз идораҳои собиқ ноҳияи Роҳи Оҳани Самарқанд ба ходимони ҷавон ниёз дорад. 
Ӯро котиба ба назди сарвари корхона Шавкат Мустафоев  раҳнамоӣ кард. Директор гуфт, ки дар назди мактаби рақами 5-уми ноҳияи Сиёб дукони китоб ҳаст, ки дер боз фаъолият надорад. Вай метавонад рӯзона бо савдо машғул шавад ва шабона таҳсил кунад. Ҳамин тариқ Толиббек фаъолияти меҳнатиро дар дукони хурдакаки китобфурӯшӣ оғоз намуд. Сипас, қариб даҳ сол ба ҳайси ҷонишини директори заводи истеҳсоли пиво, муовини раиси ҷамъияти таъминот бо маводи озуқаи ноҳияи Роҳи Оҳан меҳнат кард. 

Дунёи қуръагардон

Соли 1995 Толиббек директори идораи шаҳрвандони имконияташ маҳдуд таъин гардид. Корхонаи мазкур дар кӯчаи Панҷакенти шаҳр ҷойгир буд. Сарвари нав корро нахуст аз таъмиру тармим сар кард. Боре падараш Маҳмудбек Маъруфӣ ба корхона омад, то аз кору бори писар огоҳ шавад. Вай ба ҳашарчиён «монда набошед!» гуфт, вале ҷавобе нашунид. Сипас, аз фарзандаш фаҳмид, ки коргарон кару гунганд. Маъруфӣ лаҳзае ба андеша фурӯ рафт ва бо лабханд сар ҷунбонд. 
– Шери додо, ба қуръагардонии дунё аҷабам меояд, – гуфт ӯ. – Вақте ки сардори шӯъбаи корҳои дохилии собиқ ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд будам, маро низ мисли ту ба ин ҷо муваққатан роҳбар таъин карданд. Мебоист маҳбусонро оварда, бинои коргоҳро созам. Бобоятро овардам, то ки барои пешравии кор дуо гирам. Падарам чун фаҳмиданд, ки ман маҳбусонро кор мефармоям, сахт ранҷида таъкид карданд, ки хубтараш, ба деҳа баргардам ва ба омӯзгорӣ машғул шавам. 
Ман ба насиҳати падар амал карда, ба мактаб баргаштам, омӯзгор шудам, дере нагузашта директор таъин гардидам.
Толиббек рӯзи дигар барои дуогирӣ ба ҳавлии волидайн омад. Падараш аз пайи коре рафта буд.
– Ман аз ҳама гап бохабар, – гуфт Тӯхтабибӣ Раҳматова. – Ҳамин рӯз ариза навишта, вазифаро супор. Худои меҳрубон ризқу рӯзирасон. Дар пешонаат боз ягон кор будагист. Падар розӣ – Худо розӣ, – гуфтаанд.
Толиббек Маҳмудов аз директорӣ истеъфо дод, аз баҳри курсии гарму нарм, мошини хизматӣ баромад. Роҳбари соҳа, ҷонишини ҳокими вилоят Холмуҳаммад Нуруллоев (илоҳо ҷояш дар ҷаннат бошад!) марди рамузфаҳм, дурандеш, савобталаб буд, ӯ бо зердасташ баҳсу мунозираро муносиб надонист ва Толиббек Маҳмудовро  ба сарварии ҷамъияти саҳҳомии “Самарқанд-китоб” тавсия кард. Тӯли беш аз даҳ соли фаъолият барои баланд бардоштани сатҳи дониши мардум хизмати шоиста намуд. Аҳолии деҳаи Тали Барзуи Боло ӯро раиси маҳалла интихоб карданд. Вай бобати мумфарш кардани кӯчаҳо, ободии қабристон ва мувофиқи талаби замон гузаронидани маъракаҳо саҳми муносиб гузошт.

Баракат – аз ҳаракат

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон 
аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Соҳили рӯди Дарғам ба партовгоҳ табдил ёфт, ки он табъи меҳмонону роҳгузаронро хира мекард. Собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев Толиббекро назди худ хонду хоҳиш кард, ки ҳамин мавзеъро ободу зебо намояд.
– Агар шумо розӣ бошед, – гуфт Толиббек, – хоҷагии фермерии бисёрсоҳавӣ ташкил намуда, ошхона, корхонаи ширинипазӣ, устохона месозем. Муҳимаш қариб сӣ нафар ҷавонон бо меҳнати фоиданок банд мешаванд. 
Ҳоким тадбиркорро дастгирӣ кард. Кор авҷ гирифт. Биноҳои хушсохту замонавӣ қад афрохтанд. Аз се километр масофа хати нерӯи барқ кашида шуд. Бо роҳи ҳашар боғ бунёд гардид. 
Толиббек Маҳмудов солҳои зиёд ба хоҷагии бисёрсоҳавии «Маҳмудбек Маъруфӣ» роҳбарӣ карда, пасон онро ба писараш Зафарҷон супурд.
– Замин касро мехӯронад, мепӯшонад ва оқибат ба оғӯши худ мегирад, – мегӯяд Толиббек Маҳмудов. – Заминро фиреб додан, хароб кардан, гуноҳи азим аст. Ҳоло Толиббек Маҳмудов на танҳо маслиҳатгари фарзандон, балки боз пири сулолаи Маъруфиён аст.
Чанде пеш мо бо шоир Нормурод Каримзода ба муносибати 65-солагиаш меҳмони коргоҳи Толиббек шудем. Диққати моро аксҳои соҳибхона бо ҳофизони номдор устод Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Олмахон Ҳайитова, Ортиқ Отаҷонов, Ғуломҷон Ёқубов, Асадулло Атоуллоев, Мардони Мавлон, Ҳасанҷон Нуруллоев ва дигарон ба худ ҷалб сохт:
– Бо марҳамати тақдир бо ин сарояндагони бомаҳорату боистеъдод риштаи дӯстӣ бастаам, – аз нигоҳи мо рамуз гирифта, гуфт соҳибхона. 
– Охир кас аз шунидани таронаҳои пурҷозибаву форами ҳофизон ғизои маънавӣ мегирад. Ин санъаткорон бо эҷодиёти худ ба инкишофи ҳунари мусиқиамон саҳм мегузоранд. Алалхусус, саҳми устод Ҷӯрабек Муродов дар тарғиби мусиқии классикӣ ва таронаҳои безаволи «Шашмақом», сайқалу такмил додани онҳо ниҳоят бузург аст. Вай яке аз пайравони устод Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов дар бахши мусиқии классикист ва бисёре аз таронаҳои тоҷикии санъаткори нотакрорро дубора зинда карда, ба онҳо бо овози ширадору диловезаш сайқалу тароват бахшидааст. Ман бо амри тақдир ба Амрико, Ҳиндустон, Ветнам, Фаронса, Туркия, Олмон, Венгрия, мамлакатҳои араб сафар кардаам. Онҳо воқеан ободу зебоянд. Аммо Самарқанди азиз шукӯҳу шаҳомати дигар дорад, дар ҳар куҷо бо ин шаҳри муборак, зодгоҳи азизам, мефахраму меболам. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: