РУШДИ ҶОМЕА БА ТАЪЛИМИ БОСИФАТ ВОБАСТА АСТ

Ҳаёти имрӯзаро бе илму маърифат ва рушди таълим тасаввур кардан имконнопазир аст.

Эътибор ба соҳаи таълим ҷиҳати пурра амалӣ намудани чунин вазифаҳо, аз қабили тарбияи авлоди баркамоли соҳиби маънавият, илму маърифат, донандаи забонҳои хориҷӣ, тақозои замон мегардад. Тавре, ки Президенти кишварамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон таъкид кард, «Дар навбати аввал эътиборро ба бузургтарин сармояи Ӯзбекистони Нав – дастгирӣ намудани таълим менигаронем.«Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш»,  гуфтаанд бузургони мо. Чунки ба ҳама гуна мақсадҳои нек ба туфайли дониш ва тарбия муваффақ мегардем». 
Маълум аст, ки таълиму тарбияи насли наврас ба омӯзгорон вобастагии мустаҳкам дорад ва дар дӯши онҳо масъулияти бузург – тарбияи авлоди аз ҳар ҷиҳат солим ва комилро вомегузорад. Имрӯзҳо омӯзгорони мактаби таълими умумии махсуси рақами 21-уми ноҳияи Самарқанд низ рисолати касбии худро амиқ дарк карда, барои ташаккули истеъдод, дониш ва маҳорати фитрии донишомӯзон пайваста мекӯшанд.
– Мактаби мо ба омӯзиши забони англисӣ ихтисос дошта, ҳоло дар ду баст 1484 нафар хонанда таҳсил мегиранд, – гуфт ҷонишини директори мактаб оид ба корҳои таълим Ҷамила Хӯҷамуродова. – Дар як синф ҷараёни дарсҳо комилан бо забони англисӣ амалӣ гардида, ба 28 нафар донишомӯз омӯзгорони ботаҷриба – Нилуфар Умарова аз математика, Саноат Раҳматова аз фанни забони модарӣ, Роҳила Раҳимова ва Муқаддас Эргашева аз забони англисӣ бо истифодаи методҳои интерфаъол асрори илм меомӯзанд. Фарангиз Муртазоева, Меҳрангез Хуршедова, Кабирҷон Олимов аз хонандагони пешқадам ва аълохони синф мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мактаби ҳамагонӣ маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ аз рӯйи фанҳои гуногун ва намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, шоҳмот ва гимнастикаи варзиш роҳандозӣ гардидааст. Дар маҳфилҳои варзишӣ беш аз 200 нафар хонандагон фаъол иштирок карда, чанде аз онҳо аллакай дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба комёбиҳо ноил гардидаанд. Ғайр аз ин, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар синфҳои болоӣ ва зиёд кардани теъдоди хатмкунандагоне, ки ба муассисаҳои таълими олӣ дохил мешаванд, гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи он аз хонандагони синфи ёздаҳум ҳар моҳ ду маротиба тестҳои санҷишӣ гирифта мешавад ва натиҷаҳо бо иштироки омӯзгорони фаъол муҳокима мегардад. Боиси эътироф аст, ки дар мактаб анъанаи «Устоду шогирд» амал карда, муаллимони ботаҷриба ба омӯзгорони ҷавон вобаста карда шудаанд. Устодон ба омӯзгорони навкор асрори касб, методҳои таълимӣ, роҳҳои босамари кор бо донишомӯзонро меомӯзанд. Шӯрои падару модарони назди мактаб низ кори худро фаъолона пеш мебарад. Аъзои шӯро таҳти сарварии Орифҷон Ақоидов ҳар моҳ як маротиба ҷамъ омада, рафти таълим, давомот, одоби хонандагон, муаммоҳои мактаб ва роҳҳои ҳалли онҳоро муҳокима мекунанд.
– Ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ба таълими босифат вобаста аст, – афзуд Ҷамила Хӯҷамуродова. – Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон масъулияти бузургеро дар ӯҳда дорем, ки насли наврасро дар тамоми марҳилаҳои низоми таълими муттасил ҳамчун кадрҳои баркамол, соҳибихтисос ва дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир тарбия намоем. Имрӯз ҷамоаи муаллимони мо таҳти сарварии директор Ирода Норбоева аз имкониятҳои фароҳамгардида истифода намуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълим  ҳаракат мекунем.

Толиб ЮНУСЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: