ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ОЁ МАКОНИ ХАБАРҲОИ БАРДУРӮҒАНД?

Имрӯз дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ва оммафаҳм ба ҷомеа расондани моҳияти куллии ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ва оммафаҳм ба ҷомеа расондани моҳияти куллии ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, аз масъалаҳои рӯзмарра ба ҳисоб мераванд.
Дар ин бора дар суҳбати «мизи мудаввар» , ки аз ҷониби  Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва тандурустии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Рӯшоду ошкоро ба ҷомеа расондани моҳияти ислоҳот» баргузор гардид, сухан рафт.
Дар ин фаъолият бетарафӣ, низомнокӣ, муттасилӣ, асоснокии илмӣ ва амалӣ, боварии тарафайн ва эҳтиром, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигарон, таъмини озодии воситаҳои ахбори оммавӣ бояд дар мадди аввал бошанд.
Аз ҷониби кумита мақола ва баромадҳои дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва ҷойгиршуда мавриди таҳлил таҳлил қарор дода шуданд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва тандурустӣ Одилҷон Иминов таҳқиқот нишон медиҳад, ки баъзан ҳолатҳои таҳлили нохолисонаи сатҳӣ, ба ҷараён бо хулосаҳои  саросарӣ баҳо додан, камбудиҳои ҷузъиро аз будани зиёд нишон дода, воҳима андохтан, ҳатто хабарҳои (фейк) бардурӯғро бофта, ҷалб намудани эътибори ҷомеа ба назар мерасанд.
Сабаби ин аз бисёр ҷиҳат эътибор ҷиддӣ надодани  вазорату идораҳо ва шахсони мансабдор оиди сари вақт, муфассал аз фаъолияти худ хабардор намудани ҷомеа, бо забони соддаву фаҳмо расонидани маълумот ба омма мебошанд.
Таъкид шуд, ки айни замон ташвишовар он аст, ки баъзе вазорату идораҳо ба танқиди одилона, мушкилоти соҳа, масъалаҳои матраҳшуда муносибат зоҳир наменамоянд.
Танга ду тараф дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ макони паҳн кардани паёмҳои бардурӯғ набуда, балки як фазои иттилоотӣ мебошанд, ки ба ҳалли бисёр мушкилот мусоидат мекунанд.
Сенаторон, шахсони мансабдор, намояндагони ВАО ва блогерҳое, ки дар суҳбати «мизи мудаввар» ширкат варзиданд, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ иброз доштанд. Оид ба табодули иттилоот байни вазорату идораҳо ва ҷомеаи васеъ, инчунин роҳҳои ба оммаи васеъ рӯшод ва ошкоро расонидани моҳияти ислоҳоте, ки дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, пешниҳодҳо изҳор гардиданд.

Барно МЕЛИҚУЛОВА, 
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: