ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ҒАМХОРИИ ДАВЛАТРО ЭҲСОС МЕКУНАД

Рӯз то рӯз дар кишвари мо шаъну шараф ва манфиати шаҳрвандон боло бардошта мешавад, ки ин самти асосии тараққиёти давлат ба шумор меравад.

Принсипи мазкур дар асоси ислоҳоти амиқ ва пайваста, ки дар ҳамаи соҳаҳо амалӣ карда мешаванд, ба таъмини ҳаёти озод ва фаровони аҳолӣ нигаронида шудааст. 
Дар натиҷа, шаш соли охир рушди соҳаи тандурустӣ, хидматрасонии босифати тиббӣ, мустаҳкам намудани саломатии репродуктивии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули насли солим яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид кард, ки замона тағйир ва маданияти тиббии халқи мо инкишоф меёбад, одамон мехоҳанд бо усулҳои нав муолиҷа гиранд. 
Тағйироте, ки таҳти сарварии Президент дар соҳаи тандурустӣ ба амал омад, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва мустаҳкам намудани боварии он ба оянда хидмат мекунад. Фикр мекунам, моддаи 40, ки бо бандҳои муҳими Конститутсияи навшудаи кишвар пурра гардидааст, ин ислоҳотро инъикос мекунад.
Ин модда, ки пештар танҳо аз ибораи «Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад аз хидмати тиббии боихтисос истифода барад» иборат буд, ҳоло хеле васеъ гардидааст. Хусусан, он бо бандҳои ҳифзи тандурустӣ, гирифтани ёрии тиббии бепули бокафолат, ҳуқуқи гирифтани ёрии таъҷилӣ ва ёрии тиббии фаврӣ пурра карда шудааст. «Давлат барои рушди сохторҳои давлатӣ, хусусӣ ва дигар сохторҳои тандурустӣ, таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди шаклҳои гуногуни суғуртаи тиббӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Давлат барои ҳифз ва барқарорсозии системаи экологӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаи назди Арал чораҳои зарурӣ қабул мекунад» – омадааст дар моддаи Сарқонуни таҳриршуда.
Боварӣ дорам, ки тағйирот ба Конститутсия сохтори ҳифзи тандурустиро рушд мебахшад, ба такмил ёфтани фаъолияти ҷарроҳон ёрӣ медиҳад ва аз ҳама муҳим – ҳар як шаҳрванд ғамхории давлатро нисбат ба худ эҳсос мекунад.

Баҳодур НЕЪМАТҶОНОВ, 
доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: