ДАР БОРАИ ЗИЁД КАРДАНИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА ВА КУМАКПУЛӢ

Ба мақсади таъмини пайдарпаии чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, инчунин афзун гардондани даромади аҳолӣ нигаронда шудаанд:

1. Аз 1 апрели соли 2023 миқдори нафақа ва кумакпулиҳо 7 фоиз зиёд карда шавад.
2. Аз 1 апрели соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
андозаи асосии ҳисоби нафақа – моҳе 347 000 сӯм;
миқдори ҳадди ақали нафақа бинобар синну сол – моҳе 677 000 сӯм;
миқдори ҳадди ақали нафақа бинобар ногироӣ, аз он ҷумла нафақа бинобар ногироӣ ҳангоми собиқаи нопурраи корӣ – моҳе 747 000 сӯм;
миқдори кумакпулӣ бинобар ногироӣ, ки ба шаҳрвандони ғайриқобили меҳнат дода мешаванд ва кумакпулӣ ба ногироҳо аз кӯдакӣ – моҳе 747 000 сӯм;
миқдори ҳадди ақали нафақа, аз ҷумла кумакпулӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷанги солҳои 1941-1945 маълул шудаанд ва иштирокчиёни он, инчунин собиқ асирони ноболиғи лагерҳои консентрасионии фашистӣ ва шахсоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград кор кардаанд – моҳе 3 296 000 сӯм;
миқдори нафақа бинобар синну сол барои онҳое, ки ба миқдори ҳадди ақали муқарраршудаи нафақа бинобар синну сол аз (677 000 сӯм) то 747 000 сӯм мегиранд – моҳе 747 000 сӯм;
миқдори кумакпулӣ ба шаҳрвандони куҳансол, ки собиқаи зарурии корӣ надоранд – моҳе 535 000 сӯм;
миқдори кумакпулӣ ба намояндаи қонунии кӯдак, ки кӯдаки ногирои то 18-солаи ба нигоҳубини берунӣ эҳтиёҷдоштаро нигоҳубин мекунад – моҳе 535 000 сӯм;
миқдори кумакпулӣ барои як аъзои ғайриқобили меҳнати оилае, ки ба муносибати аз даст додани саробон кумакпулӣ мегирад – моҳе 535 000 сӯм бо илова намудан 198 000 сӯмӣ ба ҳар як аъзои навбатии оилаи ғайриқобили меҳнат;
миқдори ҳадди ақали нафақа барои як аъзои оилаи ғайриқобили меҳнат, ки ба муносибати аз даст додани саробон нафақа мегирад – моҳе 535 000 сӯм бо додани нафақа ба ҳар як аъзои оилаи навбатии ғайриқобили меҳнат мувофиқи тартиби мавҷуда муқаррар карда шаванд.
3. Аз 1 майи соли 2023 миқдори музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ 7 фоиз зиёд карда шавад.
4. Аз 1 майи соли 2023 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
миқдори ҳадди ақали музди меҳнат – моҳе 980 000 сӯм;
андозаи асосии ҳисоб – моҳе 330 000 сӯм муқаррар карда шавад. 
5. Муқаррар карда шавад, ки:
хароҷоти ба баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ алоқаманд аз ҳисоби маблағҳои буҷа, ки барои хароҷоти баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳо ҷудо шудаанд, инчунин тарифҳо бинобар баъзе намудҳои хидматрасонӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2023» пӯшонда мешаванд;
хароҷоти ба баланд бардоштани миқдори нафақа ва кумакпулиҳо алоқаманд аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ ва Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати иқтисодиёт ва молия пӯшонда мешавад.
6. Маблағгузорӣ бо воситаҳои иловагӣ, ки барои иҷрои талаботи Фармони мазкур заруранд, аз ҳисоби зиёд намудани хароҷоти буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда шавад.
Ба кормандон тавсия дода шавад, ки музди меҳнатро мувофиқи миқдори ҳадди ақали музди меҳнат зиёд намуда, пардохти музди меҳнатро на кам аз миқдори ҳадди ақали музди меҳнат, ки бо ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ муқаррар шудааст, таъмин намояд.
7. Вазорати иқтисодиёт ва молия:
якҷоя бо Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ корро оид ба васеъ равшан намудани мақсад, вазифаҳои Фармони мазкур ва натиҷаҳои пешбинишаванда дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил намояд;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
8. Ба зиммаи вазири иқтисодиёт ва молия Ш. Д. Кудбиев масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад.
Баррасии рафти иҷрои Фармони мазкур, ҳамоҳангсозӣ ва назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳое, ки барои иҷрои он масъуланд, ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
28 марти соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: