МО АЗ РӮҲШИНОС ЧӢ МЕХОҲЕМ?

Пештар онҳое, ки ба рӯҳшинос ё психиатр муроҷиат мекарданд, «бемори рӯҳӣ» ҳисобида мешуданд.

 Бинобар ин ба назди рӯҳшинос рафтани худро пинҳон медоштанд. Баъди маълум шудани психотерапия, муносибати одамон ба ин масъала тағйир ёфт ва он як ҳодисаи муқаррарӣ шуд.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони амрикоӣ, беш аз 20 фоизи аҳолии куҳансоли ин кишвар муаммои равонӣ ва эҳсосотӣ доранд, вале зиёда аз 65 фоизи онҳо ба рӯҳшинос муроҷиат мекунанд.
Дар мамлакати мо чӣ? Афсӯс, ки бобати муроҷиати шаҳрвандони Ӯзбекистон ба рӯҳшинос маълумоти аниқ нест. Бино ба маълумоти ташкилоти мутасаддӣ ин қабил муроҷиатҳо ба рӯихат гирифта намешаванд.  
Мо бо мақсади донистани ҷавоби ин суол  дар саҳифаҳои иҷтимоӣ бо пурсиши «Оё шумо ба қабули рӯҳшинос рафтаед? Ба фикри шумо, оё инсон ба рӯҳшинос эҳтиёҷ дорад?» муроҷиат кардем. Аксари онҳое, ки дар ин пурсиш иштирок карданд, нисбати рӯҳшиносон назари мусбат доранд, вале на ҳама ба рӯҳшинос муроҷиат кардаанд. 
Масалан, Муҳайё Солеева, изҳор кардааст: «Як шиносам чанд вақт ба қабули рӯҳшинос рафт. Мегӯяд, ки як соати маслиҳат (консултатсия)-и ӯ 800 ҳазор сӯм аст. Аммо натиҷае ба даст наовардааст. Танҳо вақт ва маблағашро аз даст додаасту бас...»
Нозима Мухторова, собиқадори меҳнат муносибати худро нисбати рӯҳ-шиносон чунин баён мекунад. «Ба фикрам, агар инсон барои бартарафсозӣ ва раҳо шудан аз дарду ғами зиндагӣ худаш саъй накунад, ба ӯ ҳатто рӯҳшиноси номдору соҳибилм низ кумак карда наметавонанд. Бинобар ин, инсон бояд бештар китоб хонад. Боз як чизи дигар: аслан ташвишу ғами оилавиро ба каси дигар маълум кардан ба маданияти мо дуруст намеояд. Бо ин ман гуфтанӣ нестам, ки масалан, агар дар хонадоне ба арӯс зулм карда шавад, ӯ инро ба каси дигар ва ё хешовандонаш маълум накунад. Албатта, ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки онро бояд якҷо бо калонсолони оила — пирони рӯзгордида ҳаллу фасл кард. Хуллас, инсон ӯ хоҳ зан бошад, хоҳ мард, хоҳ ҷавон бошаду хоҳ солхӯрда, бояд ҳар як муаммову норасоиро аввало ба тарозуи ақл баркаш карда, баъд қароре қабул кунад. Агар одам соҳиби сабру тоқат барин хислатҳои хуби инсонӣ бошад, ҳамаи мушкиливу норасоиҳои зиндагиро паси сар карда метавонад...».
Алишер Низомов, соҳибкор: «Зиндагӣ пастиву баландиҳои худро дорад. Албатта, дар ин роҳи ноҳамвор инсон ба бисёр ҳолату лаҳзаҳои ногувор дучор мешавад ва ба рӯҳшинос эҳтиёҷ пайдо мекунад. Аммо солҳои охир рӯҳшиносони «сохта» ҳам хеле зиёд шудаанд. Худро «рӯҳшинос» муаррифӣ намуда, бо мақсади дарёфти маблағ, яъне ба роҳ мондани «бизнес» дониставу надониста, маслиҳатҳо медиҳанд. Бисёр мушоҳида кардаам, ки  ҷое, ки бо маслиҳати рӯҳшинос оилае мустаҳкам гардад, баръакс пароканда шудааст...».
Нилуфар Қаҳҳорова, ба рӯҳшинос муроҷиат кардани худро чунин маънидод кард. «13 сол пеш, ҳанӯз фарзандам 3-сола буд, бо баъзе сабабҳо аз шавҳарам ҷудо шудам. Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба Туркия рафтам. Писарчаи 4-солаам падару модарам нигоҳубин карданд. Ҳар сол, ҳангоми таътил, ба хона баргашта, вақти худро бо фарзандам мегузаронидам. Бо гузашти солҳо писарам 15-сола шуд. Хоҳиш кард бо падараш вохӯрад. Хоҳиши ӯро рад накардам. Баъди ба хонаи падар рафтуо кардан ӯ тамоман дигар шуд. Ахлоқаш ҳам тағйир ёфт. Ба хона нимаи шаб меомад, ба гапи ман гӯш намекард. Алҳол ба будану набудани ман эътибор ҳам намедиҳад. Баъдтар шарт гузошт, ки дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунад. Ин ҳамаро ба рӯҳшинос гуфтам. Ӯ маро айбдор кард. Гӯё ман имкониятҳои фарзандамро маҳдуд мекардаам. Ӯро ба ҳоли худаш гузоштанамро тавсия карда, маслиҳат дод, ки ба ин розигӣ диҳам. Ҳар  қадар, ки ба фарзанд маҳдудият гузоред, ҳамон қадр, бемеҳр мешавад, гуфт рӯҳшинос.
– Ҳоло худ ба худ меандешам, пас падару модарамон моро нодуруст тарбия карда будаанд. Зеро ба мо баъди соати 7-и бегоҳӣ ба кӯча баромадан манъ ва саҳар бедор шуда, баъди саранҷоми баъзе корҳо ба сари дастархон нишастан анъана буд. Мо ҳафт нафар фарзанд, ҳақ надоштем, ки ин анъанаро вайрон кунем. Сухану хоҳиши модаркалону бобо, падару модар ва ҳатто хешовандону наздиконамон қонун маҳсуб меёфт...».
Вақтҳои охир семинару тренингҳо ончунон маъмул гаштаанд, ки имрӯз ба кадом шабакаи иҷтимоӣ назар наандозед, даҳҳо тарғиботи тренингҳои равоншиносӣ аз қабили «Роҳҳои дарёфти маблағ», «Пул гардиши пул», «Зани оҳанрабо», «Зани дилрабо», «Назорати бошуурона»-ро мебинед. Баъзе равоншиносон ҳатто кафолат медиҳанд, ки пас аз иштирок дар курси онҳо дар ҳаёти мо муъҷиза рӯй медиҳад.
Ҳангоми омода кардани мақола ман дар Instagram пахши мустақими як равоншиносро дидам. Ӯ мегуфт, ки дар бораи машқи оинаи машҳури вақтҳои охир паҳншуда, суҳбат хоҳад кард ва шахсе, ки аз он истифода мебарад, зуд комёб мешавад.
Рости гап, суханони ӯ эътибори маро ба худ кашиданд ва қарор кардам, ки барномаро то охир тамошо кунам.
Барномаи видеоӣ тақрибан як соат давом кард. Психолог «Хавотир нашав касоне ҳастанд, ки аҳволи аз вазъи ту ҳам бадтар доранд, сабр кардан даркор»- барин гапҳои умумиро мегуфт. Ниҳоят, суҳбат ба охир расид ва он зан ба таълими машҳури «Машқи оина» гузашт:
«Дар назди оина бисёр нишинед ва ба акси худ нигоҳ карда: Ваҳ! Чӣ қадар зебоӣ! Ба чашму абрӯвонат нигоҳ кун! Зеботарини ҷаҳон ҳастӣ! – гӯён ба худ бӯса ҳадя намоед. Инчунин, ӯ илова намуд, зане, ки ҳар рӯз ин машқро самимона такрор менамояд, ба зудӣ эътимодаш нисбати худ зиёд мегардад. «Агар шумо ба курси «Худбаҳодиҳӣ»-и ман дохил шавед, ман ба шумо даҳҳо чунин усулҳоро меомӯзам», - таъкид кард зан.
Ҳамзамон садҳо бонувоне, ки пахши мустақимро тамошо мекарданд: «Ташаккур, суханҳои хеле таъсирбахш. Бовар дорам, ки ба ин гуфтаҳо амал кунам, дар зиндагӣ муваффақ хоҳам шуд. Ҳатман ба ин курси таълимӣ сабти ном мекунам» –  барин суханҳоро менавиштанд.
Ин фикру мулоҳизаҳои онҳоро хонда, ба андеша афтодам: оё бонувони мо то ба ҳамин дараҷа содаанд ё ман содаам?! Умуман, оё гузаронидани чунин тренингҳо як самти равоншиносии муосир аст? Ё роҳи нави фиреб додани одамон? Дар ин бора, ба мутахассисони соҳа муроҷиат кардем. 
Фирдавс Абдураҳмонов, психолог, полиграфолог ва мураббии тиҷоратӣ! 
– Ин як тасаввуроти нодурустест, ки одамон психологҳоро ҳамчун маслиҳатгар мешиносанд. 
Албатта, ӯ дар бораи беҳтар кардани ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, масалан, барои барқарории хоб ба духтур муроҷиат ва истироҳат карданро маслиҳат доданаш мумкин аст. Инчунин, балки вазифа ва машқҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба фикрронии мустақил ва коҳиш додани изтироб хидмат мекунанд. Дар ин ҷараён ӯ дар  вазифаи «муҳаққиқ» аст, на «мураббӣ». 
Аммо дар бораи чӣ гуна зиндагӣ кардан, чӣ гуна рафтор кардан ва қабули қарорҳои муҳими зиндагӣ, аз қабили «ба ҷабри хушдоманат сабр кун», «ба шавҳар баро ва ё хонадор шав», «ҷудо шав» барин маслиҳатҳо наметавон истинод кард.
Психотерапия ба шумо кумак мекунад, то ба воя расед. Ба воя расидан – аз воқеият дур нашуда, масъулияти зиндагии худро ба дӯш гирифтан аст.
Дар ҳоле, ки равоншинос маслиҳат медиҳад, мизоҷ дар ҳолати «кӯдакӣ» мемонад. Бинобар ин, психолог бояд сабабҳои муаммо ва ҳолати рӯҳии мизоҷро хуб омӯхта, таҳлил намояд. Дар ин ҷараён ӯ ба дониши оид ба рӯҳияти инсон ва малакаи бо одамон кор кардани худ такя намуда, ба мизоҷ кумак мерасонад. Қарори ба ҳаёти худ дахлдорро бошад, худи мизоҷ қабул мекунад. 
Умар Қаршиев, шифокор, рӯҳшиноси шифохонаи бемориҳои рӯҳии вилоят.
— Психология соҳаест, ки рухсатнома талаб карда намешавад. Бинобар ин, ҳоло бисёриҳо курсҳои моҳонаро тамом карда, худро психолог мешуморанду курсҳои таълимӣ кушода, фаъолияташонро ба роҳ мемонанд. Шудааст, ки баъзе шахсон фарзандашонро солҳои дароз ба қабули психолог бурдаанду даво наёфта, оқибат назди мо овардаанд. Ҳатто шикоят ҳам мекунанд, ки маблағи зиёд сарф карда, натиҷае надидаанд. Ҷавоби ман ба ҳамаи онҳо яктост: ҳангоме ки аз бозор ё дукон маҳсулот харид мекунед, ҳатман онро аз назар мегузаронед, чаро ҳангоми давоҷӯӣ ба мутахассис муроҷиат накарда, ба таърифу тавсифҳои кӯчагӣ бовар мекунед?  Бо ин гуфтаниам, ки дар зиндагӣ баробари муаммоҳо бемориҳои рӯҳӣ низ ҳастанд. Намудҳои онҳо хеле зиёданд, масалан, невроз, психоз, депрессия, ақибмонӣ ва ғайра. Дар чунин мавридҳо мо бояд ба беморон на танҳо бо ёрии равонӣ, балки бо доруҳо ва усулҳои психотерапевтӣ низ кумак расонем.

Дилафрӯз 
ОБЛОҚУЛОВА. 

Шаҳри САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: