СОҲАИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТ РИВОҶ МЕЁБАД

Барои пешрафти соҳаи кишоварзии вилояти Фарғона, инчунин диверсификатсия ва модернизатсия кардани он кредит ва грантҳои Хазинаи байналмилалии ривоҷ додани кишоварзии СММ (IFAD) мусоидат менамояд.

Барои пешрафти соҳаи кишоварзии вилояти Фарғона, инчунин диверсификатсия ва модернизатсия кардани он кредит ва грантҳои Хазинаи байналмилалии ривоҷ додани кишоварзии СММ (IFAD) мусоидат менамояд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят маълумот дод.   
Зимни ташрифи намояндагони хазинаи мазкур дар доираи лоиҳаи “Диверсификатсия ва модернизатсия кардани соҳаи кишоварзӣ” бо ҷонишинони ҳокими вилоят дидору мулоқотҳо баргузор гардид. Ин лоиҳа ривоҷи соҳаи кишоварзии вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангонро дар солҳои 2019-2025 мадди назар гирифтааст. Татбиқи лоиҳа 165,72 миллион доллари амрикоиро тақозо менамояд. Саҳми Хазинаи байналмилалии ривоҷ додани кишварзӣ барои 25 сол бо 5 соли имтиёзнок 92,4 миллион долларро ташкил менамояд. 1,1 миллион доллар аз ҳисоби маблағи грант ихтисос дода шудааст.
– Дар доираи ин лоиҳа барои ривоҷи соҳаи кишварзии вилоят як қатор корҳоро ба сомон расонидем. Бо истифода аз 9,7 миллион доллар дар маҷмӯъ 80 сублоиҳа таъмини молӣ карда шуд.  Ин маблағ барои сохтмонҳои гармхонаи замонавӣ, яхдон, бунёди хати азнавкоркарди маҳсулоти ширу ҷурғот, ба роҳ мондани парвариши наслҳои моли шохдор, хариди таҷҳизот ва дастгоҳҳо барои хоҷагии қишлоқ сарф гардид, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилоят Алибек Турсунов. – Дар доираи сублоиҳаҳо лабораторияи карантини давлатӣ ва клиникаи ветеринарии шаҳри Марғелон низ бунёд мегарданд, инчунин дар ноҳияҳои вилоят барои обёрии заминҳо кофтани 7 чоҳи обкашӣ идома дорад.
Мудири бахши ӯзбекистонии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ  Фиди Роҷаонсон ба он нукта таваҷҷӯҳро ҷалб кунонид, ки агар ин ниҳоди молиявӣ барои рушди соҳибкории хурд низ бештари маблағҳояшро равона созад, манфиати зиёд хоҳад овард. 
– Ошноӣ бо бахши кишоварзии вилояти шумо бароям хеле писанд омад. Мо бояд домани ҳамкориҳоро фарохтар созем. Натиҷаи таклифу дархостҳоеро, ки дар мулоқот ба миён гузоштед, ба шумо маълум хоҳем кард, – гуфт Фиди Роҷаонсон.
Хазинаи мазкур бо Ӯзбекистон ҳамкориҳояшро беш аз пеш тавсеа мебахшад. Бино ба таъкиди намояндагони хазина баъди гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ иқтисодиёти Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна 8 фоиз афзудааст. Ин афзоиши босуръат, дар навбати худ, боиси рушди умумимиллӣ гардидааст ва бори аввал таъсири он ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кишвар, ба мисли вилояти Сурхондарё эҳсос мешавад.
Узвияти Ӯзбекистон дар IFAD аз моҳи феврали соли 2011 дар Лоиҳаи дастгирии боғдорӣ (HSP), аввалин ташаббуси байналмилалӣ оид ба рушди деҳот, ки то кунун дар кишвар татбиқ шудааст, оғоз кардааст. Бо дарназардошти шароити мусоиди иқлими минтақа, чунин талошҳо барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти Сурхондарё имкониятҳои калон доранд. Аз соли 2012 HSP барои рушди бахши боғдории Сурхондарё кор мекунад, то ба беҳтар шудани некӯаҳволии деҳқонони деҳоти он мусоидат кунад. Фаъолияти он барои намудҳои гуногуни агробизнес, аз заминҳои деҳқонии оилавӣ то ширкатҳои хурди боғдорӣ имконият фароҳам меорад.  
Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзии СММ бо татбиқи лоиҳаҳои худ ва таъмини молии он дар вилояти Фарғона дар рушди кишоварзӣ хеле мусоидат хоҳад кард. Ин, албатта, барои фаровонии дастархони мардум, пешрафти иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти ҷомеаи мо нақши муассир хоҳад дошт.

Мирасрор АҲРОРОВ.
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: