ГАРМХОНАҲО – МАНБАИ АСОСИИ ДАРОМАД

Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қайрағоч»-и ноҳияи Риштон 3 ҳазору 344 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Тавре ки дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия иттилоъ дод, фаъолияти асосии бошандагони ин маҳалла ба сабзавоткорӣ ва токпарварӣ ихтисос дода шудааст. Аъзои 592 хонаводаи маҳалла бевосита дар 92,5 гектар замини наздиҳавлигии худ ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд. 

Аммо имрӯз шароит тақозо намудааст, ки барои таъмини маишати хонавода роҳҳои иловагии даромад ҷуставу мавриди корбаст қарор дода шавад. Инро дар як қатор ноҳияҳои соири вилоятҳои кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қайрағоч низ 266 хонавода гармхонаҳо сохтаанд, то ки фасли зимистон бекор намонанд ва дар ин гармхонаҳо намудҳои гуногуни сабзавот, мисли бодиринг, помидор, карам ва кабудиҳои гуногун парвариш кунанд. 
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ноҳияи Риштон  майдони умумии хонаи Абдурашид Маҳкамов, ки дар кӯчаи «Ёшлик»-и ин ҷамоат  зиндагӣ мекунад, 35 сотихро ташкил мекунад. Дар 10 сотих бодиринг, 5 сотих карам ва лаблабуи сурх кишт карда мешавад. Дар 15 сотих ток ва картошка шинонда шудааст.
Аз ҷумла, дар як сол 6,5 тонна бодиринг, 2 тонна лаблабуи сурх ва 3 тонна карам, 7,5 тонна картошка, 12 тонна ангур руёнда мешавад. Дар ин сурат аз 25 сотих замин дар давоми як сол ба хисоби миёна 100-120 миллион сӯм даромад гирифтан мумкин аст.
Ҳоло зиёда аз 95 фоизи аҳолии қишлоқ зироатҳои баҳорӣ кишт кардааст.
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Риштон бо иштироки роҳбарону фаъолони гурӯҳҳои «Машварати пиронсолон» дар маҳалҳо аз ҷониби бахши ноҳиявии бунёди «Нуронӣ» семинар баргузор гардид. 
Зимни ҷаласаи видеоселекторӣ дар ноҳияи Сайҳунобод дар доираи сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сирдарё, ки 14 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, мушовири раиси ноҳия Турсунхоҷа Абдураҳмонов, мудири шуъбаи ноҳиявии фонди «Нуронӣ», дар байни аҳолӣ корҳои густурдаи тарғиботӣ гузаронданд. Хазинаи «Нуронӣ» дастури методии тайёркардаи шуъбаи вилоятро хонда дод.
Дар семинар оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои замини сокинон дар маҳаллаҳо, шинондани буттамеваҳои гуногун, парвариши маҳсулоти шолӣ, парвариши маҳсулоти ҳаррӯзаи кишоварзӣ барои дасторхони сокинон, аз қабили помидор, бодиринг фикру ақидаҳо баён гашт.
Дар семинар дар мисоли Сайҳунобод, барои сердаромад гардондани оилаҳо, роҳандозии низоми нави ҷалби сармоя дар маҳаллаҳо супоришҳо дода шуд. Қайд карда шуд, ки ба фаъолияти роҳбарон вобаста ба чӣ тавр ташкил карда шудани ин корҳо баҳо дода мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: