МЕҲНАТ НАКУНӢ, САНГИ СИЁҲ ЛАЪЛ НАГАРДАД

Субҳи содиқ Ҷасур аз хоб хесту ҳадаҳа рафта дар оби ҷӯи равон дасту рӯяшро шуст.

Субҳи содиқ Ҷасур аз хоб хесту ҳадаҳа рафта дар оби ҷӯи равон дасту рӯяшро шуст. Машғули либоспӯшӣ буд, ки ҳамсараш:  
– Нонушта тайёр, дадеш. Ман зуд рафта говро ҷӯшида меоям ва баъд шуморо ба кор гусел мекунам, – гуфт бо меҳрубонӣ Нигорахон.
– Азизам, ман бояд ба сари замин равам. Имрӯз чидани пахтаи майдони даҳгектараро шурӯъ мекунем. Баъди ягон соат чинакчиён ҳам омада мемонанд. Ту аз падару модарам бохабар шаву ноштояшонро тайёр карда деҳ. Интизори ман набош, – гуфт ба ҳамсараш ва савори мошин шуда, ҷилави онро ҷониби саҳро тофт.
Майдони даҳгектараи хоҷагии фермерии ӯ дар масофаи начандон дур аз канори деҳаи Юзчинори ноҳияи Балиқчӣ воқеъ гаштааст. Мошин баъди каме ҳаракат аз роҳи калон ба тарафи чап тоб хӯрд ва зери беди калон таваққуф намуд. Ҷасур аз мошин пойин шуд ва ба саргаҳи майдон омад.  Ҳар як ғӯза ба чаҳор тараф шона паҳн намуда, дувоздаҳ-понздаҳтоӣ кӯсак ғарқ шукуфон буданд.  
Дарвоқеъ, натиҷаи маслиҳату машварати пирони кордида ва дуову фотиҳаи падараш, гузашта аз ин, меҳнати шабонарӯзии коргарони хоҷагии фермерӣ буд, ки имсол аз порсола дида ҳосили кишти пахта самараи бештар ба бор овард. 
Ҷасур як ба атроф нигарист ва ба шавқ омаду ба яке аз ҷӯякҳои пахта даромад. Бо ҳамон шавқу завқ дудаста ба пахтачинӣ шурӯъ кард. Дарҳол қабзааш аз пахта пур шуд. “Агар пешдоман медоштам, то омадани чинакчиён як доман пахта мечидам”, аз хаёл гузаронд ӯ.
Баъди лаҳзае пасу пеш занону духтарони сару рӯй ва даҳонашон бо рӯймол печонидашуда ба сари ин майдон ҳозир шуданд. Дар они воҳид сукунати атроф аз гуфтугӯ ва садои чақ-чақу хандаи занону духтарон барҳам хӯрд. 
– Пахтаи дирӯз чидаатонро пункт бе ягон эътироз қабул кард. Медонам, шумо на барои он талош мекунед, ки бештар пахта чинеду маблағи бештар ба даст оваред. Дар миёни хоҷагиҳои фермерӣ сифати пахтаи шумо беҳтарин эътироф гардид. Ҳатто мудири пункти қабул барои чунин пахтаи хушсифат арзи сипос намуд,– таассуроти дирӯзаи худро мухтасар ба чинакчиён тавзеҳ дод Ҷасур.
Занону духтарон чолокона вориди ҷӯякҳои пахта шуданд ва ба чидани он пардохтанд.
***
Суҳбат бо Ҷасур Ҷӯраев дар саргаҳи ҳамин майдони пахта баргузор шуд. Вай ҳанӯз ҷавон аст, аммо дар кори деҳқонӣ, кишту парвариши пахтаву ғалла аллакай таҷрибаи калон ҳосил намудааст. 
– Ҳамин шӯълаи меҳри заминро дар дили ман тағоям – роҳбари хоҷагии фермерии “Обидҷонота” Баҳромҷон Қосимов маъво гирондааст. Вақте ки дар синфи панҷум мехондам, бо тағоям ба сари замин меомадам. Дар мавсими ҷамъоварии ғалла, ки асосан ба давраи таътили тобистонаи мактабамон рост меомад, ҷоям дар киштзор буд. Баъд мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ мешуд. Ҳамон солҳо мактаббачагон низ ба ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб карда мешуданд. Бо амри тағоям кори ҳамтоёни худро назорат мекардам,– ёдовар шуд Ҷасур Ҷӯраев.  
Ба гуфтаи ӯ соли 2015 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Юзчинор хоҷагии фермерии “Янги қишлоқ-бунёдкор”-ро таъсис дод. Ҳоло ин хоҷагии фермерӣ соҳиби 85 гектар замин мебошад.
– Имсол ба 54 гектар ғалла коштем. 30 гектарро барои кишту парвариши пахта ихтисос додем. Ҳосили ғаллаамон хеле бобаракот шуд. Ба хирмани давлат 270 тонна ғаллаи хушсифат супурдем ва нақшаи шартномавиро барзиёд иҷро кардем. Ғайр аз ин, 273 тонна гандум дар ихтиёри хоҷагии фермериамон монд,– мегӯяд Ҷасур Ҷӯраев.
Тавре ки Ҷасур Ҷӯраев тазаккур дод, аз ҳисоби ҳосили имсолаи кишти ғалла ба ҳар як мироби хоҷагӣ дуним-се тоннагӣ гандум расид ва хурсандии онҳо ҳадду канор надошт.
– Дар ин солу замон як оилаи панҷ-шаш нафарӣ бо ин миқдор гандум бемалол як соли дарозро сер  пушти сар мекунад. Боз маоши аз хоҷагӣ ба даст овардаашонро барои корҳои дигари оила харҷ мекунанд,– иброз дошт раҳбари хоҷагии фермерӣ.
Ҷасур Ҷӯраев мегӯяд, ба ҳар як коргари доимии хоҷагии фермерӣ, ки теъдодашон сӣ нафар мебошад, 300-400 килограммӣ гандум тақсим намуд. Барои кишти соли оянда низ як миқдори ин гандумро ба анбори махсус ба ҳайси тухмӣ захира кард.
Вақте ки вай дар бораи даромади соли гузаштаи хоҷагии фермериаш ҳарф зад, ангушти ҳайрат газидам. Соли гузашта хоҷагии фермерӣ 800 миллион сӯм даромади соф гирифтааст. 
– Аз тариқи лизинг дар ивази як миллиард сӯм комбайни ғалладаравӣ харидем. Дар айни ҳол маблағи пешпардохт 270 миллион сӯмро ташкил мекунад. Минбаъд   аз ҷалби комбайнҳои дигарон наҷот ёфтем. Зеро баъзан 5-10 рӯз навбат мепоидем, ки комбайн ба сари замини мо низ ояду ғаллаамонро даравад. Акнун ҳосили ғалларо бо комбайни хусусӣ медаравем,– мегӯяд роҳбари хоҷагии “Янги қишлоқ-бунёдкор”.
Ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки ин хоҷагӣ соҳиби ду трактори “Белорус” ва як трактори шудгор низ мебошад. Аз ҳисоби даромад зиндагии коргарон хеле беҳбуд ёфт.
– Ҳарчи ба даст овардем, ба туфайли меҳнат ба он соҳиб шудем. Чанд мошини сабукрав харидем, ҳавлиамонро обод кардем, барои як бародарам манзил сохтем,– изҳор кард Ҷасур Ҷӯраев.
Маълум шуд, ки яке аз коргаронашон барои писараш арӯс мефарорад. Пеш аз баргузории тӯй аз ҳисоби хоҷагии фермерӣ ду хонаи ҳавлии ӯро таъмир кардааст, аз лиҳози маблағ низ соҳиби тӯйро дастгирӣ намудааст.
***
Ҷасур Ҷӯраев раиси мавзеи Охунбобоеви ноҳия мебошад. Дар ин мавзеъ 13 хоҷагии фермерӣ фаъолият мекунад ва дар он ба кишту парвариши ғалла ва пахта машғуланд. Ду хоҷагии фермерии боғпарварӣ низ таҳти тасарруфи раёсати ӯ қарор доранд. Ин хоҷагиҳои фермерӣ бозорҳои вилоят ва берун аз онро бо меваву сабзавот таъмин мекунанд.
Дар аснои суҳбатамон як мошини сабукрави “Ласетти”  дар роҳи калони шафати ин майдони пахтазор омада таваққкуф кард.
– Ана, падарам ҳам омаданд,– гуфт бо чеҳраи шукуфон Ҷасур Ҷӯраев ва ба истиқболи падар шитофт.
 Баъд падараш– Абдуқаҳҳор Ҷӯраев ба суҳбати мо пайваст. 
***
– Ману завҷаам нафақахӯр ҳастем. Бо ғамхории ҳукумат ва каромати писаронам давраи пирӣ меронем. Солҳои дароз дар соҳаи дорусозӣ кор кардам. Писарам Ҷасур роҳбари хоҷагии фермерӣ аст. Дар тафовут  аз писари дигарам Мансурхон дар идораи маҳсулоти ғалла кор мекунад ва писари хурдӣ – Ҳосилхон дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Тошканд машғули таҳсил мебошад,– гуфт Абдуқаҳҳор Ҷӯраев.
Аз суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки қаҳрамони очерки мо – Ҷасур бахши муҳандисии Донишгоҳи хоҷагии халқи Тошкандро хатм кардааст. Аммо меҳри замин вайро ба сӯи худ кашидааст ва ба кишоварзӣ рӯй овардааст.
– Ба наздикӣ дар як маҷлис ҳокими ноҳияамон Ҷасурбек Абдураҳимов корҳои писарамро таърифу тавсиф кард. Аз ин ҳарфҳои нек ифтихор намудам. Аз фарзанде, ки ба волидайн раҳмат меоварад, Худованд низ розӣ аст,– гуфт Абдуқаҳҳор Ҷӯраев.
Вай бо итминон афзуд, ки писараш корҳои хоҷагии фермериро хеле хуб ба роҳ мондааст. Ба гуфтаи Абдуқаҳҳор Ҷӯраев заминҳои таҳти тасарруфи хоҷагии фермерии писарашро 22 сол муқаддам ба иҷора гирифта буданд.  
– Баъд хоҷагиҳои фермерӣ ташкил карда шуданд ва ин заминҳо ба ҳисоби хоҷагии фермерии  “Янги қишлоқ-бунёдкор” гузашт, ки ҳоло роҳбарии онро писарам ба дӯш гирифтааст, – иброз намуд ин ҳамсуҳбати мо.
***  
Роҳбари хоҷагии фермерӣ номи миробҳо Қаҳрамон ва Бахтиёр Ортиқовҳо, Азизбек Абдумуталов, Ҷӯрабек Холдоров, чинакчиёни моҳир Зумрадхон Ҷӯраева, Фарида Қодирова, Муқаддасхон Султонова ва Саодат Тоҷибоеваро бо ифтихор ба забон овард. Ба гуфтаи ӯ онҳо  дар пешрафти кори  хоҷагии фермерӣ саҳми калон мегузоранд.
Вориди майдони пахта шудам ва хостам бо баъзе чинакчиён суҳбат кунам. Онҳо дастпӯшак ба даст кашидаву якзайл пахта мечиданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо пешдоманҳои пур аз пахта аз он шаҳодат медоданд, ки дар давоми як соат занону духтарон аллакай 15-20 килограммӣ пахта чидаанд.
– Бо дугонаҳоям мусобиқакунон пахта мечинам. Ҳамаамон дар ҳамин шароиту муҳит ба воя расидаем ва аз хурдӣ пахта мечинем. Пахтаи чидаамон рӯзмарра ҳудуди 130-160 килоро ташкил мекунад. Аз мо тақозо шудааст, ки саросема нашавем, то ки пахтаи сап-сафед бо баргу хазон омехта шуда, сифати онро паст назанад,– гуфт Саодат Тоҷибоева.
– То имрӯз барои пахтаи чидаам 8 миллион сӯм гирифтам. Ҳамроҳонам низ ҳамин қадарӣ ё кадоме каму кадоме бештар маош ба даст оварданд. Ҳар рӯз қариб саду панҷоҳ кило пахта мечинам. То охири мавсим талош хоҳам кард, ки маблағи умумии бадастовардаам аз 20 миллион сӯмро зиёд шуд,– иброз дошт чинакчии дигар Фарида Қодирова. 
Маълум шуд, ки касе маҷбурӣ ба пахтачинӣ набаромадааст. Баъди чанд лаҳза трактори присепдор омада дар саргаҳи ин майдон қарор гирифт. Нафаре дарҳол тарозуро ба як гӯшаи ин присеп овезон кард. Занону духтарон  пешдоманҳои пур аз пахтаро болои сар гузошта, бо навбат онро бармекашиданд ва зуд баргашта, ба чидани пахта машғул мешуданд.
– Ҷамъи пахтаи ҷамъоваришудаи мо ба 110 тонна расид. Нақшаи шартномавии мо 92 тонна мебошад. Агар аз рӯи ҳосилнокии майдонҳои кишти пахта ҳисоб кунем, аз ҳар гектар бештар аз 40 сентнерӣ ба даст овардем. Боз ҳашт гектар майдони пахта боқӣ мондааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳосилнокии ҳар як гектар бештар аз 45 сентнериро ташкил хоҳад кард,– мегӯяд Ҷасур Ҷӯраев. 
Соли равон хоҷагиҳои фермерӣ таҳти шиори “Балиқчиро ба ноҳияи аз ҳама пешқадами вилоят табдил медиҳем!” ба кишту парвариши зироат машғуланд. Онҳо дар 10 ҳазору 300 гектар кишти пахта парвариш карданд, ҳоло ба ҷамъоварии ҳосили он машғуланд. Ба даст овардани 34 ҳазору 92 тонна “тиллои сафед»-ро ба нақша гирифтаанд.  
Дар майдонҳои аз пахта холишуда кишти тирамоҳии ғалла гузаронида шудааст. Аллакай гандум баромада, ба чаҳор тараф майса задааст ва барои ҳосили соли оянда заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин ба хотири киштгардони майдонҳо низ мебошад, ки натиҷаи хуб ба бор хоҳад овард. 
 Интизор меравад, ки ҳаҷми даромади имсолаи хоҷагии фермерии “Янги қишлоқ-бунёдкор”   ба 900 миллион сӯм хоҳад расид ва зиндагии коргарони ин хоҷагиро боз фаровонтар хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти АНДИҶОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: