Якчанд ширкатҳои истеҳсолкунандаи электроника ва асбобҳои барқии Чин ният доранд, ки дар Ӯзбекистон истеҳсолотро ба роҳ монанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи «Узелтеҳсаноат».
Намояндагони ин иттиҳодия барои музокирот бо ширкатҳои маҳаллӣ дар Чин қарор доранд, ки нуқтаи оғози он Парки саноатии Сучжоу дар музофоти Ҷянсу гардид.
Вохӯрӣ бо муовини директори парк Лиза Чен бомуваффақият гузашт, ки меҳмонон дар бораи вазъи соҳа, кори «Узелтехсаноат», сабукиҳои аз ҷониби давлат пешниҳодшуда ва афзалиятҳои рақобатии Ӯзбекистон маълумот доданд. Дар он пешниҳоди таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли техникаи муосири электроника садо дод.
Ӯзбекистонҳо ҳамчунин бо тавлидкунандаи дастгоҳҳои ҳифзкунандаи Yeestor барои анҷоми таҳқиқоти маркетингӣ бобати тавлиди дискҳои сахт ва хотираи флеш дар Ӯзбекистон музокира анҷом доданд.
Ширкати ZWAIN New Energy ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли дастгоҳҳои ҳосилкунии энергия изҳори ҳавасмандӣ карда, имкони роҳандозии истеҳсоли платаҳои чопӣ бо ширкати Ucreate баррасӣ шуд.
Ҳамчунин мулоқот бо намояндагони CLOU ва Huawei баргузор шуд, ки онҳо низ хоҳиши ворид шудан ба сегменти электрикии Ӯзбекистонро изҳор доштанд. Музокирот дар шакли васеъ дар форуми сармоягузорӣ дар Шенҷен ба нақша гирифта шудааст.