Маълум аст, ки бино ба қарори роҳбари давлат дар 15 гектар майдони ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бобошбек»-и ноҳияи Учкӯприки вилояти Фарғона комбинати истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноати сабук, логистика, савдо ва ресандагию бофандагӣ сохта шуда буд.
Имрӯз маҳсулотҳои «Бобошбек» на фақат дар бозори дохилӣ, балки дар давлатҳои Руссия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ харидоргир. Ба қарибӣ содироти маҳсулотҳои трикотажӣ ба Озарбойҷон низ оғоз ёфт. Аз ҷониби корхонаи « SHU NILUFAR TEKSTIL OLAMI» дар асоси шартнома бо ҳамкорони озарбойҷонӣ ба миқдори 48 ҳазор доллар 60 намуди либосҳои бачагона экспорт карда шуд.
Дар маҷмӯае, ки баҳри баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии ноҳия хизмат мекунад, дар айни замон 212-то сехи истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ, 336 дукони савдо, 560 растаҳои савдои хурд ва 25 маркази логистикаи замонавӣ барпо гардидааст.
Дар сурат: дар маҷмӯи истеҳсол ва савдои «Бобошбек».
Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).