Барои шаҳрвандони Ӯзбекистон барои боздид аз Аморати Муттаҳидаи Араб низоми бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад

16 январи соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) протокол дар бораи озодкунии мутақобила аз додани раводиди вуруд ба имзо расид.

Ҳуҷҷат аз ҷониби  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ўзбекистон дар АМА Абдулазиз Акқулов ва муовини вазири корҳои хориҷии АМА  Холид Абдуллоҳ Белҳул имзо шуд. Мувофиқи ҳуҷҷат, шаҳрвандони Ўзбекистон аз талаботи раводид дар давраи будубош дар ҳудуди АМА - на бештар аз 30 рӯз озод карда мешаванд.

Ҳуҷҷат расман аз 16 феврали соли 2024 эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: