НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА САДСОЛА ШУД

Пиронсолонамон «ба сад даро» мегӯянд дар дуо.

Аммо умри дарозу пурбаракот ба ҳама ҳам насиб намекунад – хеле кам касон садсола мешаванд. 6 ноябр яке аз бонувони номдори тоҷик, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Низорамоҳ Зарифова садро пур кард. Ӯ корро дар комсомол сар кард, баъдтар ба сифати муовини раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон, котиби КМ ПК Тоҷикистон, муовини раиси Президиуми Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон фаъолият бурд. Н.Зарифова ҳоло дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Рӯҳан бардам аст.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: