ДАҲ МОҲИ БОБАРОРИ РОҲСОЗОН

Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Қашқадарё 2405 километр роҳҳои сатҳи мухталиф аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.

Ин рақам аз забони муовини сардори Саридораи роҳҳои автомобилии вилояти Қашқадарё Ҳусниддин Камолов дар як нишасти матбуотӣ садо дод. Вай гуфт, Саридораи роҳҳои автомобилии вилоят то интиҳои соли 2023 мувофиқи нақша ва дастурҳои пешбинишуда бояд 2436 километр роҳ ва 22 адад пулҳоро аз нав бунёд мекард. Аммо роҳсозони вилоят муваффақ гаштанд, ки дар даҳ моҳ 2405 километр роҳ ва  17 пули хурду бузургро дар шаҳру навоҳии вилоят сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
– Ҳанӯз корҳо дар ин самт идома доранд ва то охири сол нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро хоҳад шуд, – гуфт Ҳ. Камолов. 
Таъкид гардид, ки дар робита ба фармоишҳои раҳбари давлат барои ба меъёрҳои замона мувофиқ сохтани роҳҳои сатҳи гуногун чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар вилояти Қашқадарё пеш аз ҳама ҳамон роҳҳо дубора тармим мегарданд, ки зарураташон бештар ҳис мегарданд. Масалан, роҳҳои самти мавзеъҳои мақоми экотуризм ва саёҳати зиёратӣ, дар навбати нахуст ба нақшаи тармим дохил шудаанд. Ҳукумат бо ин иқдом амнияти сайёҳон ва шаҳрвандони худро дар роҳҳо таъмин намуда, ҳузури сайёҳони хориҷиро дар мавзеъҳои ҷолиби кишварамон боиси рушди зиндагии мардуми маҳаллӣ ва ғановати буҷаи давлат медонад.
Назар ба маълумоти Саридораи роҳҳои автомобилии вилоят корҳои сохтмон ва тармими роҳҳо дар соли 2024 низ бо суръат идома хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки дар соли оянда 1981 километр роҳҳо таъмир гарданд. Як қисмати ин роҳҳо аз нав сохта, ба истифода дода хоҳанд шуд.
Роҳсозони вилояти Қашқадарё чун ҳамеша ният доранд, ки софдилона меҳнат кардаву барои ободии диёр ҳиссаи худро гузоранд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: