«ҶОЗИБАИ БАҲОР»

Чунин ном дорад намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони самарқандӣ, ки дар нигористони санъати «Чорсу», воқеъ дар шафати майдони Регистон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанавор кушода шуд.

Устодони мӯқалам – академик Аслиддин Исоев, Нуриддин Исоев, Алексей Шербаков, Ҷумъабой Абдурауфи Оҳаликӣ, Хуршед Халилов, Мирсаид Самадов, Мунира Султонова, Озод Неъматов ва дигарон дар намоишгоҳ асарҳои пурарзиш ва ҷолиби хешро ба ҳукми мухлисони санъати тасвирӣ гузоштаанд.
Намоишгоҳ бо расмҳои пурҷозиба, пурмаъно ва дилнишину гуворои устоди мӯқалам Аслиддин Исоев оғоз ёфта, дар шафати он намуна аз эҷодиёти писари ӯ Нуриддин ҷой гирифтааст. Ҳар ду кӯшиш ба харҷ додаанд, ки арӯси сол – баҳори нозанинро бо рангҳои пурҷило тасвир намоянд.
Фарзанди фарзонаи ноҳияи Самарқанд Абдурауфи Оҳаликӣ дар аксар расмҳои худ манзараҳои дилфиреби зодгоҳашро тасвир кардааст. 
– Ҳавлии мо дар лаби сойи калони деҳа ҷойгир шуда, аз тирезаи хонаи эҷодӣ қуллаҳои баланди Оҳалик ба назар мерасанд, – бо ҳисси шодмонӣ гуфт мусаввир Абдурауфи Оҳаликӣ. – Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки бо тамошои табиат чашмаи илҳом ҷӯш мезанад ва дар аксар тасвирҳои худ низ мавзеъҳои беҳтарини кишварро тасвир кардаам. Дар нигористон аз қатори асарҳои тасвирии рассомони соҳибтаҷриба, намунаҳои эҷодии ҷавонони умедбахш низ ҷой гирифтааст, ки ин мусаввирони навқаламро илҳоми тоза мебахшад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: