РОБИТАҲО МУСТАҲКАМ МЕГАРДАНД

Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек реша дар умқи таърих дорад ва онҳо дар соҳаҳои мухталиф аз як гиребон сар бароварда, ҳамкорӣ мекунанд.

Шояд дар дунё ду халқе, ки ба ҳамдигар ин қадар наздикӣ дошта бошад, пайдо нашавад. Мардуми тоҷику ӯзбек на танҳо дар як минтақаи ҷуғрофиёӣ зиндагӣ мекунанд, балки ҳамдину ҳаммазҳаб ҳастанд, анъанаҳои муштарак доранд, танҳо чизе, ки онҳоро аз ҳам дар тафовут мегузорад, забон аст. 
Бо ташаббуси Президент байни Ӯзбекистону Тоҷикистон робитаҳои нави ҳамкорӣ на танҳо роҳандозӣ шуд, балки сол ба сол устувор мегардад ва рушд меёбад ва аз чунин шакл гирифтани ҳамкориҳо мардуми ҳарду ҷониб хушнуданд. Мушкили рафтуомади ҳазорҳо нафар одамон осон шуд, дидорбинии волидайну фарзандон низ бе ҳеҷ мамониат сурат мегирад. 
Ба наздикӣ кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд ташриф оварда, аз ҷойҳои таърихиву назаррабои он дидан карданд. Онҳо ба идораи «Овози тоҷик» низ ташриф оварда, бо кормандони рӯзнома вохӯрӣ гузаронданд. Дар рафти мулоқот меҳмонони тоҷикистонӣ таъкид карданд, ки мехоҳанд робитаҳои фарҳангии байни ду мамлакат ривоҷ ёбад, зеро ҳарду тараф аз ин манфиатдор хоҳанд буд. 
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, номзади илмҳои фалсафа Ёрмуҳаммад Ниёзӣ зимни вохӯрӣ чунин ибрози ақида кард:
– Мо хушҳол шудем, ки дар арафаи Соли нав ба шаҳри Тошканд ташриф овардем. Зеро дар ҳама ҷои шаҳр тайёрӣ ба ид эҳсос мешавад. Мардуми он рӯҳияи баланди меҳмоннавозӣ доранд. 
Бояд гуфт, дар Ӯзбекистон бисёр имкониятҳои ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Чунки Ӯзбекистон дили Осиёи Марказӣ аст. Барои ҳамин ҳар касе, ки мехоҳад Осиёи Марказиро омӯзад, бояд шурӯъ кунад аз омӯзиши он. Бисёр дастхатҳое ҳаст, ки онҳо воқеиятҳоро нишон медиҳанд. Имрӯз вақти он фаро расидааст, ки мо бояд истиқлоли воқеиро ҳифз кунем ва барои манфиатҳои дуҷониба кӯшиш ба харҷ диҳем.
Меҳмонони тоҷикистонӣ аз он изҳори хушнудӣ карданд, ки дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд ба забони тоҷикӣ рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳафтае ду маротиба нашр мешавад ва дар давоми се соли охир дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон се шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардида, дар онҳо муаллимони забон ва адабиёти тоҷик тайёр карда мешаванд. 
– Мақсади мо аз ин ташриф шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо зиёиёни ӯзбекистонӣ мебошад, то ки минбаъд ин анъанаро ҷавонони мо идома дода, рафтуомадро боз ҳам қавитар намоянд,– гуфт муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёқубҷон Мадумаров.
Зимни мулоқот корманди Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Берунии АУ Ӯзбекистон Файзхоҷа Маҳмуд аз он навид дод, ки ба наздикӣ олимони ӯзбекистонӣ девони Аҳмади Донишро ба даст овардаанд, ки боиси ғановати адабиёту фарҳанги ҳарду кишвар хоҳад гашт. Ин навид воқеан беҳтарин хабари солинавӣ буд.
Зикри ин нукта ҷоиз аст, ки имрӯзҳо муносибати байни давлатҳои Ӯзбекистон дар соҳаи илму таълим, фарҳангу санъат дар баробари соҳаҳои дигар бо суръат инкишоф меёбад ва мардумро ба ояндаи неку дурахшон боз ҳам дилгарм менамояд. Ҳамаи ин сиёсати дурандешона ва оқилонаи роҳбари кишварро собит мекунад, ки муносибат бо ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бисёр самимӣ ва дӯстона сурат мегирад. 
Тоҷикону ӯзбекон ду миллатеанд, ки дар ҳар ҷабҳа ҳамдигарро қувват мебахшанд ва дастгирӣ мекунанд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: