Одамоне ҳастанд, ки аз беҳунарию бекорӣ вақт гузаронда наметавонанд.
Ҳайф аст чунин ҳаёт барои онҳо. Шахсони касбу ҳунардор бошанд, фурсаташон намерасад, ки ба мардум бисёру босифат хидмат расонанд. Абдураҳмон аз чунин мардонест, ки ҳунару кори таъин дорад. Аз серкорию ташвиши ҳунараш даст ба даст расонда наметавонад.
Абдураҳмон ҳанӯз дар солҳои мактабӣ орзу дошт, ки ба ягон касб соҳиб гашта, ба аҳли ҷамъият нафъаш расад. Орзую нияти нек ӯро, баъди хатми мактаб, ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Чортоқи вилояти Намангон овард. Дар машғулиятҳои назарию амалии он ҷо асрори таъмири техникаи маиширо пайи ҳам ва хуб азхуд кард. Бо натиҷабахш хотима додан ба таҳсил бо ихтисоси челонгар-электрики созкунандаи техникаи маишӣ ба зодгоҳи худ – деҳаи Варзик баргашт. Дар устохонаи иҷоравии серсоҳаи маркази деҳа – ҷойи аз ҳама серодам фаъолияти худро сар кард. Дар ҷараёни кор зарурат пайдо шуд, инчунин ҳунари кафшергариро аз худ карда, мустақилона чархи болгаркаро низ ба кор андозад. Соҳаи хидматрасониашро боз қу-лайтар намуд. Аз ин боис ба ӯ кори аз сокинони оддӣ то калонсолону соҳибони автомобилҳою техникаи кишоварзӣ меафтад. Ба назди ӯ барои таъмири воситаҳои техникиашон, ғайр аз варзикиён, аз деҳоти наздику дури Варзигон, Қароқӯрғон, Ғаво, Дам, Какликқӯрғон, Шоён ва ғайра мизоҷон меоянд. Дафъае Абдураҳмон бо даъвате рафта, аз деҳаи дуртари Ёрқишлоқ баъди таъмир кардани техникаи маишие баргашт. Дафъаи дигар, ҳатто 3 кондитсионери як корхонаи шаҳри Чустро устувор карда, онҳоро ба кор андохта, омад. Сокини ҳамсоядеҳаи Каркидон арз кард, ки яхдонашонро Мурод ном устои ҳамдеҳаашон соз мекард ва таъмири он ба муддати зиёд нарасида, яхдон боз вайрон мешуд. Ҳар гоҳ усто пули соҳиби онро низ афшонда мегирифт. Охир он мизоҷ ба устохонаи Абдураҳмон омада, яхдонашро таъмир кунонида бурд ва ин техникаи маишӣ то имрӯз доимӣ кор мекунад. Соҳибхона хотирҷамъ шуд. Баъд аз чанд вақт он корафтода барои таъмири босифату кафолатнокаш ба Абдураҳмон миннатдорӣ баён карда рафт.
Абдураҳмон аз коргоҳи иҷоравии заҳу ба сиҳатӣ зараровар ба ҷойи кори хусусии васеътар, барҳавову офтобрас кӯчид. Он ҷоро бетон рехта, ҳамвору обод кард. Гулу ниҳолҳои сӯзанбарг шинонд, ки минбаъд боз зебо, сояву салқин ҳам шавад. Акнун дар ин коргоҳи наву мӯътадил – дар вақти зарурат – дар офтоб ва ҳам соярӯ кор кардан мумкин аст. Абдураҳмони ҳунарманд ҳасту варзикиён ва аҳли деҳоти гирду атроф устои таъмиргар ҷустуҷӯ намекунанд. Ҳоҷаташон – раво, корашон – буд. Роҳашон кӯтоҳу сарфашон кам.
Барои ҳамин гуфтани ҳар каси бедордилу баҳрабар меояд: «Қандата зан, ба дарди ҳама дармон – ту, Абдураҳмон!»
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.