КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИББИЁТ КАЙ БАРҲАМ МЕЁБАД?

Тибқи маълумотҳо, дар солҳои 2018-2019 581 корманди соҳаи тиб барои ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла 114 ҷинояти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Тибқи маълумотҳо, дар солҳои 2018-2019 581 корманди соҳаи тиб барои ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла 114 ҷинояти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар натиҷаи аудити дохилӣ дар ду соли охир дар ҳаҷми 36,2 миллиард сӯм хилофкориҳои молиявӣ ошкор карда шуданд.

Оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ кадом корҳо анҷом дода мешаванд?
Аз рӯи ин масъала дар ҷамъомади аъзои кумитаҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис оид ба мубориза бо коррупсия, масъалаҳои суду ҳуқуқ ва оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии шаҳрвандон вазири нигаҳдории тандурустӣ Алишер Шодмонов бояд маърӯза мекард. Ба ҷои вай муовини ӯ Баҳодир Юсупалиев дар бораи корҳои ҷории зиддикоррупсионӣ маълумот пешниҳод кард.
Муовини вазир қайд кард, ки дар самти такмил додани низоми нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббӣ, беҳдошти саломатии мардум корҳои васеъмиқёс татбиқ шуда, дар ин соҳа беш аз 170 ҳуҷҷати қонунгузорӣ қабул шудааст ва маблағгузорӣ ба соҳа афзоиш ёфтааст.
Таъкид гардид, ки барои мубориза бо фасод ва рафъи сабабҳои пайдоиши он чораҳо таҳия ва амалӣ карда мешаванд. Дар муассисаҳои тиббии низоми вазорат байни беморон овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта, тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Бо вуҷуди ин, то ба ҳол вуҷуд доштани иллатҳое, ки ба рушди система таъсири манфӣ мерасонанд, ба боварии шаҳрвандон ба хидмати тиббӣ монеъ мегарданд.
Бинобар фикри депутатҳо, набудани шаффофият дар ҷойгиркунии кадрҳо, бахусус ҳамшираҳои шафқат, вуҷуд доштани расмиятпарастӣ ва бесарусомонӣ дар қайди давлатии доруворӣ барои фасод шароит фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, оид ба коҳиш додани омили инсонӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ дар инвентаризатсияи ҳуҷ-ҷатҳои меъёрӣ, муайян ва бартараф кардани меъёрҳое, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоранд ва расмӣ гардондани ҳуҷҷатҳои рухсатдиҳӣ таклифот пешниҳод карда шуданд. Инчунин, пас аз баррасии танқидии ба кор ҷойгиркунӣ ва тақсимоти кадрҳо зарурати таъмин кардани шаффофият дар ин соҳа, татбиқи доимии низоми аудити дохилӣ бар зидди коррупсия дар вазорат ва системаи он қайд карда шуд.

М. ҚОСИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: