Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаи таълим дигаргуниҳои судбахш татбиқ мешаванд.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар соҳаи таълим дигаргуниҳои судбахш татбиқ мешаванд. Аз ин эътибор кормандони соҳаи таълим, хусусан, муаллимон хеле шоданд. Зеро муаллим барои ояндаи миллату Ватан шахсони аз ҳар ҷиҳат комилро тарбият мекунад, ки ин ҳам вазифа ва ҳам шараф мебошад. Ин нуктаро дар мисоли як омӯзгори фидокори мактаби 11, воқеъ дар деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх, Ҳамидулло Мирзоев диданамон мумкин.
Баъди хатми мактаби миёна ба литсейи академии тобеи Донишкадаи давлатии политехникии Фарғона, воқеъ дар ноҳияи Сӯх ҳуҷҷатҳояшро супурд. Дар литсей аз рӯйи самти фанҳои табиӣ таҳсил гирифта, соли 2014 онро ба итмом расонид.
Ҳ. Мирзоев соли 2014 ба Донишгоҳи давлатии Фарғона дохил шуда, аз рӯйи ихтисоси методикаи омӯзонидани биология хатм кард. Аз соли 2018 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 11 ба ҳайси муаллими фанни биология фаъолияти хешро оғоз кард. Инак, соли дувум аст, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи муаллимон ба озмуни ҷумҳуриявии байни омӯзгорон дар асоси равияҳои мухталиф старт дода шуд. Ба ин озмуни ҷумҳуриявӣ кулли муаллимони мамлакат ба таври онлайн ҳуҷҷат супорида, ширкат варзиданд. Дар қатори дигар омӯзгорон Ҳ.Мирзоев низ аз рӯйи самти “Муаллими фидокор” иштирок кард ва аз зинаи якуму дуввум бомуваффақият гузашта, то зинаи ниҳоӣ рафт. Ҳ.Мирзоев дар зинаи ниҳоӣ, ки 40 нафар омӯзгорони пешқадами ҷумҳурӣ қувваозмоӣ карданд, низ фаъол иштирок намуд. Зинаи финал дар давоми 6 рӯз дар пойтахт доир гашт. Дар ин лаҳзаи фаромӯшнашаванда ба муаллим Ҳ.Мирзоев аз рӯйи самти “Устоди фидокор” ҷойи дуввум насиб гашт ва бо ноутбук, панҷ миллион сӯм мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид. Дар чорабинии бошукӯҳ вазири таълими халқ Бахтиёр Саидов иштирок кард.
– Ин комёбиҳо худ аз худ нест, – гуфт Ҳ. Мирзоев. – Дар ин музаффарияти ман саҳми дуои волидон, дастгирии бародарам, инчунин, мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Беҳрӯзҷон Ҳусейнов, сарвари мактаб Ҳабибҷон Ҷӯраев ва дастгирии аҳли ҷамоаи мактаб хеле калон аст. Ин дастовард моро водор месозад, ки боз бештар бобати такмили маҳорати касбӣ заҳмат кашем, шогирдони хуб тарбия намоем ва баҳри рушди Ватани азиз саҳм гузорем.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.