САМАРҚАНД МИЗБОНИ БОЗИҲОИ ТРИАТЛОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар ҷашнвораи байналхалқии варзишии Challenge Samarkand, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ аз рӯйи намуди триатлони варзишӣ баргузор мешавад, иштироки 1700 нафар варзишгарон пешбинӣ шудааст.

Дар ин хусус, ташкилотчиёни мусобиқа – намояндагони Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш, Кумитаи олимпии миллӣ ва Федератсияи триатлони ҷумҳурӣ дар чорабинии матбуотӣ хабар доданд.
Дар чорабинӣ директори мусобиқаи Challenge Family Жорт Влам (Нидерландия) ба тариқи онлайн иштирок карда гуфт, ки ҳар сол дар чунин мусобиқа аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 50 ҳазор ҳаваскорону мутахассисони синну солашон гуногун  иштирок менамоянд. Барои баргузор намудани ин мусобиқа бесабаб Самарқанди қадима интихоб нагардид. Самарқанд ҳамсоли Риму Бобул аст. Дар ин ҷо инфрасохтори хуби варзишӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Ҷашнвора барои ду рӯз пешбинӣ шудааст, ки чемпионат оид ба спринт (якка ва ҷамоавӣ), мубориза барои гирифтани мукофотҳо дар масофаҳои миёнаи триатлон барпо мегардад.
Дар доираи ҷашнвора иштироки бонувон аз рӯйи давидан ба 5 километр ва бачаҳои аз 4 то 11-сола низ пешбинӣ шудааст. Онҳо аз рӯйи давидан дар пайроҳаҳои дарозиаш 200, 400 ва 600 метр қувваозмоӣ мекунанд.
Ташкилотчиён мухлисонро низ фаромӯш накарданд. Ҳаводорон метавонанд дар ҳамаи марҳилаҳои триатлон иштирокдоронро дастгирӣ ва аз консерти устодони санъату ярмаркаҳои EXPO дидан кунанд.
Тавре ки муовини раиси Федератсияи Ӯзбекистон оид ба ин намуди варзиши олимпӣ Фаррух Носиров гуфт, намояндагони дастаи мунтахаби Ӯзбекистон А. Куришов ва А. Ҳакимова мебошанд, ки дар рейтинги Ассосиатсияи триатлони Осиёи Марказӣ ҷойҳои 11 ва 18-умро ишғол кардаанд.
Ба шаш нафари мардон ва бонувони беҳтарин ба чемпионати қитъа роҳхат, инчунин ба ғайр аз медалҳо барои Олимпиадаи Париж холҳои рейтингӣ низ дода мешавад.

Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: