КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ба қарибӣ дар Институти давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино конгресси аввалини Ассотсиатсияи ҷарроҳони ултрасадои Осиёи Миёна баргузор гардид.

Дар он қариб 300 нафар олимони пуртаҷриба ва ҷавон оиди намудҳои гуногуни ҷарроҳӣ аз мамлакатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин Куриёи Ҷанубӣ, Муғулистон, Туркия ва Русия иштирок карданд.
Дар анҷуман усулҳои санҷиши ултрасадо дар ҷарроҳии муосир ҳаматарафа муҳокима гардида, олимон бо ҳамдигар таҷриба иваз карданд. Баромадкунандагон дар бораи бозёфтҳои илмие, ки баҳри муолиҷаи самараноки ҷарроҳӣ муоинаи ултрасадо кумак расонда метавонад, таваққуф карданд. Иштироккунандагони чорабинӣ маърӯзаҳои  президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони ултрасадои Осиё, профессор Ил Енг Парк, президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳии ултрасадои Куриё Ким Ҳюн Чёл, президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳии ултрасадои Осиёи Марказӣ Пуревбаатар Бат-Иреедуи, президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони ултрасадои Ӯзбекистон, профессор Баҳодур Сафоевро шуниданд.

А. АВЕЗОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: