НАФАСИ ИСТИҚЛОЛ ДАР РИШТОН ЭҲСОС МЕГАРДАД

Дар ин рӯзҳои пурфайзу шукӯҳ мардуми ноҳияи Риштон барои бо туҳфаҳои арзанда истиқбол намудани 32-юмин солгарди Иди истиқлолияти Ватан мардонавор меҳнат мекунанд.

Тавре ки ҳокими як ҳафта қабл тайиншудаи ноҳия Баҳодир Холиқов мегӯяд, накҳати ин файзу шукӯҳ дар ҳар хонаву кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳоти Риштон ҳис карда мешавад. 

– Ҳоло дар ноҳияи мо аз рӯи Барномаи «20 ҳазор соҳибкор – 500 ҳазор мутахассиси малаканок» корҳои зиёд ба анҷом мерасанд. Дар яке аз семинарҳое, ки дар маҷмааи «Чинор плюс» баргузор гардид, роҳбарони тамоми ниҳоду соҳа, намояндагони ташкилотҳои дахлдор ва соҳибкорони зиёд ширкат карданд. Дар меҳвари семинар иҷрои Фармони Президент аз 12 июни соли 2023 қарор гирифт, – иброз медорад Баҳодир Холиқов.
Тавассути фароҳам овардани имконият барои соҳибкорон, таъмини шуғли шаҳрвандони ба феҳрасти ҳифзи иҷтимоӣ дохилшуда, касбомӯзии онҳо ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, инчунин татбиқи ислоҳоти доманфарох «Моҳи ободонӣ» ташкил гардид, ки бо рӯҳияи баланд идома дорад, – тазаккур дод ҳоким.
Маълум шуд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия бахшида ба «Моҳи ободонӣ» корҳои ободониву кабудизоркунӣ, ҳашарҳои мардумӣ бо суръат идома доранд. Дар ҳамин ҳол намуди кӯчаҳо, биноҳои баландошёна ва саҳни ҳавлиҳои он, хиёбонҳову гулгаштҳо тарзи идонаро касб намудааст. Дар баробари ин, зиёратгоҳҳо ва қабристонҳо, роҳҳои пиёдагарду мошинрав, пулҳо, гузаргоҳҳо тоза карда шуда, шабакаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия, хатҳои неруи барқ мавриди таъмиру тармим қарор дода шудаанд. 
Сохтмони мактаби нави таҳсилоти умумии рақами 57-и ноҳия моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардидааст. Барои сохтмони мактаб бо гунҷоиши 360 нафар давлат 4 миллиарду 750 миллион сӯм ҷудо кардааст. Бино аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳамаи шароит хоҳад шуд. Мактабҳои таълимоти умумии рақами 32, 39-уми ноҳия низ ғолиби мусобиқаву озмуни «Буҷаи ташаббускор» дониста шуда сохтмони толори он аллакай шурӯъ шудааст.
Дар ноҳия плантатсияҳои калони пистазор барпо карда мешаванд. Тавре ки ҳокими ноҳия изҳор намуд, боздиди вай аз киштзори пистаи хандони эронӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қодирҷон Қосимов бунёд мешавад, вайро итминон дода тавонист, ки ин плантатсия барои болоравии иқтисод ва ба кор таъмин шудани одамони зиёд мусоидат хоҳад кард.
– Ин плантатсия дар мавзеи беобу санглохи ҷамоати шаҳрвандони «Навбаҳор» ҷойгир шудааст. Майдони он 150 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол ниҳолҳои писта шинонда шуда бо ҷидду ҷаҳд парвариш карда мешавад. Дар ояндаи наздик майдони пистазор аз 200 гектар зиёд масоҳатро ташкил хоҳад кард,–мегӯяд Баҳодир Холиқов.
 Ба гуфтаи соҳибкори маҳаллӣ Қодирҷон Қосимов пистаи дар асоси технологияи замонавӣ кошташуда баъди 11-12 сол ҳосил медиҳад, солҳои аввал аз як бех 200-300 грамм ҳосил хоҳанд гирифт. 
Дарвоқеъ, ин соҳибкор дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Пандигон низ ба парвариши ниҳолҳои писта машғул аст. Имрӯзҳо маркази илмии пистапарварӣ, лаборатория, гармхона ва «Агромактаб», ки ба парвариши ниҳолҳо сари кор дорад, бо сарварии Қодирҷон Қосимов ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Ҳоким як ҷо бо прокурори ноҳия Рашидбек Меҳмонов аз минтақаи хурди саноатӣ, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навбаҳор», боздид намуд, бо соҳибкорон мулоқот кард, таклифу дархостҳои онҳоро бо мароқи том шунида, ваъда дод, ки ҷиҳати ҳалли як қатор мушкилоти онҳо дар зудтарин фурсат амалан чораҷӯӣ хоҳад кард. 
Дар ноҳия ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба анъана ва арзишҳои миллӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, ҳифзи арзишҳои оилавӣ, пешгирӣ аз намондани ҷавонон дар зери таъсири ғояҳои бегона, беҳбуди муҳити иҷтимоӣ-маънавии онҳо, истифодаи самараноки арзишҳои динӣ ва нақши он дар тарбияи ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва роҳ надодан ба гаравиши ҷавонон ба таассуби динӣ мунтазам тарғибу ташвиқ карда мешавад. 
Ҳафтаи равон шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии «Маънавият ва маърифат»-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти ноҳия ва ширкати як гурӯҳ ҷавонон «мизи мудаввар» ташкил намуд. Он таҳти шиори «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони Нав» сурат гирифт. Дар «мизи мудаввар» ғояи «Маърифат бар зидди ҷаҳолат» талқин гардид. 
– Мо чунин тадбирҳоро дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия баргузор мекунем. Аслан як рукни кори моро роҳандозии ҳамин гуна чорабиниҳо ташкил мекунад. Дар арафаи ҷашни истиқлолияти Ватанамон баргузор кардани ин мизи мудаввар беҳуда нест. Онҳо бояд донанд ва дарк намоянд, ки истиқлолият бо осонӣ ба даст наомадааст ва дар мавриди ҳифзу муқаддас нигоҳ доштани он ҷавонон саҳми калон гузошта метавонанд, – мегӯяд мудири шуъбаи ноҳиявии Маркази ҷумҳуриявии «Маънавият ва маърифат» Дилором Додобоева.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: